Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хирси тоҷикӣ ба Чехия мекӯчанд


То охири моҳи май боғи вуҳуши Душанбе соҳиби ду ҷуфт кенгуруи сурхгардан мешавад, ки аз Ҷумҳури Чех ба Тоҷикистон интиқол меёбанд. Бар ивази ин чор ҷонвари ғайриоддӣ, боғи ҷонварони шаҳри Ҳлубока над Влтавоу соҳиби ду хирси қаҳваранги ҳимолоӣ ва ё хирси сафеднохун мешаванд, ки аз Тоҷикистон ба Чехия интиқол меёбанд. Баъди музокироту таҳияи санадҳо, ки беш аз ду солро гирифт, ниҳоят, ҳарду ҷониб ба табодули ҷонварон омода шуданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Иван Кубат, мушовири раиси боғи ҷонварони шаҳри Ҳлубока над Влтавоу рӯзи 29 апрел хабар дод. “Дар гузашта мо чунин навъи хирсро дар боғи ҷонварони худ надоштем, вале соли гузашта як хирси нарро аз боғи шаҳри Екатеринбург овардем. Ҳоло мехоҳем ду хирси моддаро аз Душанбе биёрем ва онҳо метавонанд чун як оила зиндагӣ карда, баъдан соҳиби насл ҳам шаванд”, гуфт Иван Кубат. Ба гуфтаи ӯ, мушкили таҳияи санадҳои иҷозатдиҳандаи берунории ду хирс аз Тоҷикистон дар он буд, ки Тоҷикистон зери CITES – эъломияи тиҷорати байналмилалии навъҳои нодири ҷонварону наботот имзо нагузошта буд, ки интиқоли ҷонваронро дар қаламрави Аврупо иҷозат медиҳад. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, баъди ду соли талошҳо, чунин иҷозат ба даст омадааст ва ҳайати дунафараи мутахассисони боғи ҷонварони Ҳлубока над Влтавоу моҳи май ҳамроҳ бо худ чор кенгуруро бурда, ният доранд, ба Чехия бо ду хирси нохунсафед баргарданд. Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҳам омода аст барои мутахассисони чех дар таҳияи санадҳои сафар дар фурсати кӯтоҳ мусоидат кунад.

Боғи вуҳуши Ҳлубока над Влтавоу дар паҳнои 6,5 гектар ҷой гирифта, дар он 300 навъи ҷонварон нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари ин ҷонварон аз муҳити полеарктикӣ, яъне қаламравҳои Аврупо, Осиё ва кӯҳҳои Ҳимолой оварда шудаанд. Дар навбати худ, дар боғи ҷонварони Душанбе беш аз 800 сар навъҳои гуногуни паррандаву хазандаҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG