Пайвандҳои дастрасӣ

Прапоршики муттаҳам дар "облава"-и муаллим: "Ман танҳо набудам"


Шамсулло Султонов.

Додгоҳи низомии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноии корманди собиқи комисарияти ҳарбии ноҳияи Вахш шурӯъ кардааст, ки ба шеваи бад дастгир карда, ба артиш будани муаллими ҷавон Шамсулло Султонов, муттаҳам мешавад. Мақомоти додситонӣ қаблан гуфта буданд, ки кормандони комиссариат "тартиби ба комиссияи даъват ҳозир кардани Султоновро дағалона вайрон кардаанд".​

Прапоршик дар курсии айбдорӣ

Ҳодиса ҳини даъвати баҳории имсол сурат гирифтааст ва пас пас аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ, прапоршик Усмон Каримов аз мақомаш барканор шудааст. Аз Додгоҳи низомии гарнизони вилояти Хатлон рӯзи 30-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баррасии парвандаи собиқ корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Вахш ҳамакнун оғоз шудааст.

Шамсулло Султонов пас аз хатми мактаб ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, дар мактаби нӯҳсолаи деҳа ба ҳайси омӯзгори технологияи иттилотӣ кор мекард.

Алайҳи корманди собиқи комиссариат бо моддаи 391-и Кодекси ҷиноӣ ё суиистифода аз мақоми хидматӣ парванда боз шудааст. Ин модда то 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ваё то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Феълан ин корманди собиқи комиссариати Вахш ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист, дар озодӣ ба сар мебарад.

Шоҳидон аз мактаб ва хонандагон мегӯяд, ки омӯзгорро чаҳор нафар, аз ҷумла раиси ҷамоати деҳоти "Машъал" ба таври иҷборӣ ба сарбозӣ бурданд, вале ҳоло танҳо як нафар дар курсии айборӣ нишаастааст. Як омӯзгор, ки ба мурофиаи додгоҳӣ даъват шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран алайҳи раиси ҷамоат ва маҳалла парванда боз нашудааст, чун онҳо дар мурофиа иштирок надоштанд.

"Нони даҳонамро гирифтанд"

Усмон Каримови 46-сола, прапоршики собиқадори комисарияти ноҳияи Вахш, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастааст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ собиқаи 10-солаи кор дар ин ниҳодро дорад ва ҳамасола нақшаи даъватро сари вақт иҷро мекарданд ва ин дафъа раиси ҷамоати "Машъал" барои иҷрои нақшаи ин ҷамоат, аз онҳо кӯмак хост.

"Ман шаш фарзанд дорам, ки аз кор пешам карда, нони даҳонамро гирифтанд. 19 сол шуд кор мекунам. Вале раиси ҷамоат гуфт, ки мушкил намешавад. Ҳоло нисбати ман парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, дигарҳо ороманду онҳоро касе чизе намегӯяд. Ҳамин сарбозро пурсанд, ман дастамро ба сӯяш набардоштаам, дар маълумотнома гуфта буданд, ки омӯзгор даъватнома гирифтааст, вале дар асл нагирифтааст. Ман онҷо танҳо набудам, ки манро тела додаанд. Ман ҳамаашро дар толори додгоҳ гуфтам, вале манро танҳо гунаҳгор медонад."

Шамсулло Султонов.
Шамсулло Султонов.

Турабек Назуруллоев, низ яке аз кормандони собиқи комисарияти низомии ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз, 30-юми август аз додгоҳ даъватнома дарёфт кардааст: "Ман ҳамчун шоҳид ҳастам, ба суд рафта омадам, хайр, вақти ба сарбозӣ бурдани омӯзгор мо ду нафар танҳо набудем, вале мо ҳоло инҷо ҷавобгар ҳастем. Ҳамаш боз навишта шудааст. Моро ҳамроҳи Усмон Каримов як моҳ пеш дар як рӯз аз кор озод карданд."

Парванда пас аз шикояти наздикони муаллими ҷавон

Наздикони Шамсулло Султонов баъди ҷалби маҷбурии ӯ аз амалкарди комиссариати ҳарбӣ ба Додситонии низомӣ шикоят карда буданд. Ин омӯзгори ҷавон дар ҳоли ҳозир ба хизмати худ дар яке аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Душанбе идома медиҳад. Шамсулло Султонов пас аз хатми мактаб ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, дар мактаби нӯҳсолаи деҳа ба ҳайси омӯзгори технологияи иттилотӣ кор мекард.

Умед Султонов қаблан иддао карда буд, ки бародари омӯзгораш бо ғарази роҳбарияти ҷамоат ба хидмат бурда шудааст. "Бори аввал ба бародарам даъватнома омад. Мо ба комиссариати ҳарбӣ ва ба назди муовини раиси ноҳия рафтем. Ҳуҷҷатҳои заруриро нишон додем. Гуфтем, ки Шамсулло омӯзгор аст ва дар мактаб муаллим намерасад. Комиссари ҳарбӣ иҷозат дод, ки то пайдо шудани омӯзгори нав кор кунад. Аммо баъди 10 рӯз бародари маро дошта бурданд", - гуфт Умед Султонов.

"Облава" замони даъват ба артиш

Дар Тоҷикистон хидмат дар сафи артиш ҳатмист ва ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол дар замони даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мушоҳида мешавад. Ҳарчанд Вазорати дифоъ мегӯяд, ки сарбозонро набояд аз ин роҳ ба артиш баранд, хабари боздошти ҷавонон дар роҳу бозор ва нақлиёт ва бурдани онҳо ба артиш ҳар сол ба матбуот роҳ меёбад.

Яке аз сабабҳои аслии парҳези ҷавонони тоҷик аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳро бадрафтории сарбозони собиқадору афсарон бо сарбозони навомада медонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG