Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Путин хостанд, ки суханҳои Қодировро маҳкум кунад


Владимир Путин ва Рамазон Қодиров
Владимир Путин ва Рамазон Қодиров

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла, Amnesty International, Human Rights Watch ва Front Line Defenders бо навиштани як номаи боз аз президенти Русия Владимир Путин дархост карданд, ки ба суханҳои раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров вокуниш нишон диҳад.

Қодиров чанде пеш гуфт, баъд аз анҷоми мурофиаи додгоҳии раҳбари созмони "Мемориал" дар Грозний Аюб Титиев Чеченистон барои ҳомиёни ҳуқуқ "минтақаи мамнуъ" хоҳад шуд.

"Тайи даҳ соли ахир раҳбарияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла худи Рамазон Қодиров кучактарин эътирози дигарандешонро саркӯб мекунад. Аз ҷумла, ҳомиёни ҳуқуқро таъқиб мекунанд", - омадааст дар нома. Муаллифони нома мегӯянд, мақомоти Чеченистон ба одамрабоӣ, шиканҷа ва ғайриқонунӣ маҳрум кардани шахс аз озодӣ роҳ дода, ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд.

Қодиров 22 август дар мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Чеченистон гуфт, ки барои иштирок дар мурофиаи Титиев аз тамоми ҷаҳон ба кишвараш ба истилоҳ, "ҳомиёни ҳуқуқ" меоянд. Матни комили суханронии Қодиров дар "Новая газета" нашр шудааст.

Се созмони ҳомии ҳуқуқ – Amnesty International, Human Rights Watch ва Front Line Defenders аз Путин хостанд, суханҳои Қодировро маҳкум кунад ва нагузорад, ки таҳдиди ӯ нисбат ба фаъолони ҳуқуқ иҷро шавад. Ин созмонҳо ҳамчунин даъват карданд, ки Титиевро фаран озод кунанд.

Чеченистон Титевро ба нигаҳдории маводи мухаддир муттаҳам мекунад ва Қодиров ӯро як одами "муътод" номид.

XS
SM
MD
LG