Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 корманди як кӯдакистон аз гӯшти қурбонӣ мубталои сиёҳзахм шуданд


Кормандони кӯдакистоне дар Хуҷанд баъд аз истеъмоли гӯшти гови қурбонӣ дар иди Қурбон бо нишонаҳои бемории сӯхтанӣ (сиёҳзахм) дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Вазъи саломатии сарошпаз, ёварони ӯ ва дигар кормандони кӯдакистони хусусии "Навбаҳор", воқеъ дар микрорайони 8-уми Хуҷанд рӯзи шанбеи 25-уми август баъди истеъмоли гӯшти гови қурбонӣ дар хонаашон бад гардида, дар бемористони бемориҳои сироятӣ бистарӣ шудаанд. Дар пайи ин ҳодиса мақомот кӯдакистонро баста ва дарашро мӯҳр заданд.

Беморӣ аз гӯшти ҳадяшуда ба кӯдакистон

Як табиби беморхона бидуни зикри номаш гуфт, ки ҳудуди 10 корманди кӯдакистон, ба шумули сарошпазу ёваронаш ва кормандони дигар бо нишонаҳои сӯхтанӣ дар ин ҷо табобат мегиранд. Ин корманди тиб бар асоси сӯҳбатҳои беморон гуфт, ки гӯшти қурбонии гови беморро баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъаи 24-уми август ба кӯдакистон ҳадя карданд.

Сӯхтанӣ, ки бо номи сиёҳзахм ва дар русӣ ҳамчун "сибирская язва" ҳам маъруф аст, як навъи хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшист, ки ба одам низ сироят карда метавонад.

Кормандон ин говро дар ғизои кӯдакон истифода накарда, байни ҳам тақсим ва ба хонаҳояшон бурданд. Сиёҳзахм дар даст ва дигар қисмҳои бадани онҳо баъди он пайдо шудааст.

Баҳодур Муъминов, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 27-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони кӯдакистони "Навбаҳор" бо нишонаҳои бемории сӯхтанӣ дар пӯсти онҳо, бистарӣ шуданд. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир табибон онҳоро ташхис доранд ва то маълум шудани натиҷаҳои ташхис, дар ин бора чизе бештар гуфта наметавонад.

Табибон мегӯянд, ки ҳини ба бемористон овардани ин афрод, дар даст ва дигар ҷои бадани онҳо захм пайдо шуда, аз дилбеҳузурӣ шикоят доштанд. Пайвандони беморон гуфтаанд, ки вазъи сиҳатии онҳо баъди ба хона бурдани гӯшти гове, ки рӯзи Иди Қурбон ба кӯдакистон касе ҳадя кардааст, бад шуда, ба беморхона муроҷиат кардаанд.

Оғози таҳқиқот аз сӯи додситонӣ

Ҳукумати Хуҷанд ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса ва муқобала бо бемории сӯханӣ дар пайи ҳодиса, як комиссияи вижа таъсис додааст. Субҳи 27-уми август дар ҳукумати Хуҷанд ин комиссия ҷаласаи изтирорӣ доир намуд ва таҳқиқи ин ҳодиса, санҷиши муассисаҳои дигар ба хотири ҷилавгирӣ аз истеъмоли гӯшти молҳои бемор ва паҳн шудани бемории сӯтаниро баррасӣ кард. Мақомоти додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Субҳи 27-уми август дари кӯдакистони "Навбаҳор" баста буд. Мақомоти беҳдоштии Суғд дар пайи ҳодиса кӯдакистонро баста, дари онро мӯҳр задаанд.

Як марду зани ҷавоне, ки қаблан писарчаашонро ба кӯдакистони "Навбаҳор" мебурданд, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳарчанд фарзандашон сиҳат аст ва дар ӯ ягон нишонаи бемориро мушоҳида накардаанд, вале баъди бемор шудани масъулони кӯдакистон, аз саломатии фарзандонашон хавотиранд.

Мақомот ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса комиссияи вижае, иборат аз масъулони бахшҳои беҳдоштӣ ва вогиршиносӣ, байторӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъсис додааст. Шахсияти фардеро, ки рӯзи ид гӯшти қурбониро ба кӯдакистон ҳадя карда буд, то ба ҳол ошкор накардаанд. Дар пайи бемор шудани кормандони кӯдакистон, мақомот он гӯшти қурбониро аз одамон ҷамъ оварда, барои санҷиш ба марказҳои беҳдоштӣ ва байторӣ бурдаанд.

Сиёҳзахм чӣ беморӣ аст?

Бино ба маълумоти бемористони бемориҳои сироятӣ дар Хуҷанд, соли равон 2 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирифтори бемории сӯхтанӣ шуда ва дар ин ҷо бистарӣ ва муолиҷа шуданд.

Сӯхтанӣ, ки бо номи сиёҳзахм ва дар русӣ ҳамчун "сибирская язва" ҳам маъруф аст, як навъи хатарноки бемории сироятии чорвои хонагиву ваҳшист, ки ба одам низ сироят карда метавонад.

Сӯхтанӣ маъмулан дар пӯсти инсон ё чорво реш давонда, дар як муддати кӯтоҳ маризро аз пой меафтонад ва ҳатто метавонад давоми се то панҷ рӯз ба марг бирасонад. Дар аҳди қадим ин бемории кушанда бо номи "персидский огонь" ("сӯзоки форсӣ") низ маъруф будааст.

Дар гузаштаи наздик хуруҷи ин беморӣ дар баъзе деҳаҳои Тоҷикистон ва марги чандин нафар бо нишҳонаҳои бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG