Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ДИИШ дар Афғонистон кушта шуд. ВИДЕО


Ҷангиёни таслимшудаи ДИИШ дар Афғонистон
Ҷангиёни таслимшудаи ДИИШ дар Афғонистон

Мақомот мегӯянд, ки раҳбари ҷангиёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" дар ҳамлаи ҳавоӣ болои истеҳкомаш дар Нангарҳор кушта шуд. Ба гуфтаи Хадамоти амнияти Афғонистон, дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии нерӯҳои давлатии Афғонистон, Абу Саад Эрҳобӣ якҷо бо даҳ узви дигари ин гурӯҳ рӯзи 25 август маҳв шуд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 26 август пахш шуд, гуфт мешавад, ки нерӯҳо дар ҳамла теъдоди зиёди силоҳҳои сабуку вазининро нест карданд. Тасдиқи ин гузориш аз манобеи дигар имконпазир нест. "Амақ"- пойгоҳи таблиғотии ин гурӯҳи даҳшатафкан низ дар бораи кушта шудани фармондеҳи ДИИШ хабаре надод. Ҳеҷ вокунише аз ҷониби нерӯҳои НАТО дар Афғонистон низ пахш нашудааст.

Гурӯҳи як замон маълум бо номи "Давлати Исломии Хуросон" ҳоло мавқеашро дар Нангарҳор, минтақаи ҳаммарз бо Покистон, мустаҳкам карда, феълан яке аз гурӯҳҳои ҷангии хатарнок унвон мешавад. Теъдоди дақиқи ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон маълум нест, зеро онҳо садоқати худро ба ин ё он гурӯҳ зуд-зуд иваз мекунанд. Низомиёни Амрико шумори онҳоро 2 ҳазор нафар гуфтаанд.

Дар Афғонистон пешвои даҳшатафканони "давлати исломӣ" кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

XS
SM
MD
LG