Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шона ба шона. Имтиёзҳои "Хуҷанд" бо "Истиқлол" баробар шуд


Рӯзҳои 25-26-уми август бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд, як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.

Яке аз муддаиёни медалҳои тиллои мусобиқот - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – дар меҳмонӣ пирӯзӣ ба даст овард. Хуҷандиҳо бар тими мизбон - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Голҳои “Хуҷанд”-ро Бахтиёр Чориев ва Фарҳод Тоҳиров дар нимаи аввали дидор заданд. Голи мизбононро Мунир Давлатбеков дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Вале довталаби дигари унвони қаҳрамонӣ - «Истиқлол» -и Душанбе - бозиро бо дастаи мизбон - «Хатлон»-и Бохтар - бо ҳисоби 1:1 анҷом дод ва аз ду имтиёз бенасиб монд. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Бозигари мизбонон Кароматулло Саидов дар дақиқаи 58-ум ҳисобро боз кард. Аҳтам Назаров дар дақиқаи 79-ум аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Зимнан, ҳамлагари “Истиқлол” Дилшод Восиев дар дақиқаи 45-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ хато зад.

Дар бозии дигари даври понздаҳум «Барқчӣ»-и Ҳисор дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Се имтиёзро ба мизбонон голҳои Шарафҷон Солеҳов, Нуриддин Ҳамроқулов ва Зиёвуддин Фузайлов оварданд. Ду голи меҳмононро Ойбек Абдуғаффоров (аз пеналтӣ) ва Амирҷон Сафаров вориди дарвоза намуданд.

«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Голҳои мизбононро Идан Окран, Сироҷиддин Гулмуродов, Нодирбек Иброҳимов ва Муҳиддин Одилов заданд. Ду голи меҳмононро Муҳсинҷон Абдуғаффоров ва Шодибек Ғаффоров ба самар расонданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври понздаҳум дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо 36-имтиёзӣ пешсафанд. «Кӯктош» бо 24 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«Кӯктош» – ССКА «Помир» – 4:2

Голҳо: Идан Окран, 8 (1:0). Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 27 (1:1). Сироҷиддин Гулмуродов, 42 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 56 (2:2). Нодирбек Иброҳимов, 78 (3:2). Муҳиддин Одилов, 84 (4:2).

Беҳтарин бозигар: Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

25 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 5000 тамошогар.

«Хатлон» – «Истиқлол» – 1:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 58 (1:0). Аҳтам Назаров, 79 – аз пеналтӣ (1:1).

Беҳтарин бозигар: Кароматулло Саидов («Хатлон»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

26 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошогар.

«Панҷшер» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Бахтиёр Чориев, 8 (0:1). Фарҳод Тоҳиров, 16 (0:2). Мунир Давлатбеков, 75 (1:2).

Беҳтарин бозигар: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

26 август. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3000 тамошогар.

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Шарафҷон Солеҳов, 5 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 22 (2:0). Зиёвуддин Фузайлов, 45+1 (3:0). Ойбек Абдуғаффоров, 45+4 – аз пеналтӣ (3:1). Амирҷон Сафаров, 58 (3:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), 38 – барои сахт задани ҳарифаш.

Беҳтарин бозигар: Шарафҷон Солеҳов («Барқчӣ»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

26 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 400 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

11

3

1

33-14

36

2

«Истиқлол» (Душанбе)

15

11

3

1

26-13

36

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

15

7

3

5

22-22

24

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

5

4

6

21-20

19

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

4

6

5

18-25

18

6

«Хатлон» (Бохтар)

15

4

3

8

16-20

15

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

15

2

5

8

11-21

11

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

15

2

1

12

10-22

7

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 8 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG