Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум: Ба ҳар қимат ба бадрафтории ҷинсӣ хотима дода шавад


Попи Рум Франсиск
Попи Рум Франсиск

Попи Рум Франсиск гуфт, ба ҳар қимате набошад, ба сӯиистифодаи нафратовари шаҳвонии рӯҳониён ва ҳимоят ёфтани онҳо аз тарафи мақомҳои болоии калисои католикӣ хотима дода шавад. Вай дар ин бора рӯзи 25-уми август, ҳангоми сафараш ба Ирландия, кишваре, ки аз ҷанҷолҳои марбут ба бадахлоқии ҷинсии роҳибон таккон хӯрда буд, изҳори назар кард.

Поп дар силсилаи моҷароҳои ҷинсии рӯҳониён, аз ҷумла дар Ирландия, калисоҳоро масъул донист.

Чанд рӯз қабл, 20-уми август, Попи Рум дар як нома ба католикҳои ҷаҳон муроҷиат кард. Ӯ аз номи тамоми калисоҳо бо хиҷолатзадагӣ эътироф намуд, ки дар вақташ дарди қурбониёнро “нодида гирифтанд”.

Шоми 25-уми август Поп Франсиск бо ҳашт қурбонии бадрафтори ҷинсии роҳибони католик дидор кард. Дар Ватикан гуфтанд, ки ин мулоқот тақрибан якуним соат идома кард ва Поп шахсан аз онҳо маъзарат хостааст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо аз он шикоят кардаанд, ки Попи Рум барои ҳалли амалии буҳрони бадрафтории ҷинсии руҳониён пешниҳоди хосе накардааст.

Рӯзи 17-уми август, ҳайати мунсифаи бузург дар Пенселвания гузориш дод, ки дар тӯли 70 соли гузашта ба камияш 1000 кӯдак қурбони бадахлоқии 300 роҳиб шудаанд. Гузориш ҳамчунин ошкор кард, ки насли усқуфҳои католики Рум батакрор барои ҳимоя аз қурбониҳои бадахлоқии ҷинсии роҳибон иқдом накарданд ва гунҳкоронро ба ҷавобгарӣ накашиданд.

XS
SM
MD
LG