Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии наврасони тоҷик дар бозии аввал барои Ҷоми Назарбоев


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футболи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон бар тими Қазоқистон-2 бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар гурӯҳи “А” мунтахаби Қазоқистон ва дар гурӯҳи “Б” дастаи Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ мақоми аввалро касб намудаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ, ки 24-уми август дар урдугоҳи дастаҳои мунтахаби Қазоқистон - Талгар – доир шуд, голҳоро Суннатулло Исмоилов (дар дақиқаи 6-ум), Эмомалӣ Аҳмадхон (90+1) ва Ислом Зоиров (90+2) ба самар расонданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Қазоқистон-2 чунин буд: Муҳриддин Ҳасанов, Шаҳром Назаров, Исроил Холов (Шоҳрух Сангов, 52), Ҷонибек Шарипов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шарифбек Раҳматов (Ҳамадонӣ Камолов, 63), Нидоёр Забиров (Ҳамзаҷон Аҳтамов, 90+3), Иброҳим Зокиров (Ислом Зоиров, 51), Умедҷон Холиқов (Озод Панҷиев, 41), Муҳаммадалӣ Азизбоев (Рустам Соиров, 55), Суннатулло Исмоилов (Эмомалӣ Аҳмадхон, 51).

Футболбозони навраси тоҷик бозии дувумашонро дар Ҷоми президенти Қазоқистон имрӯз, 25-уми август, муқобили тими Академияи Краснодар анҷом медиҳанд.

Мусобиқаи имсола барои Ҷоми президенти Қазоқистон бо ширкати шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба гурӯҳи «Б» ҳамроҳи тимҳои Қазоқистон-2 ва Академияи Краснодар шомил аст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон дохиланд.

Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “А” мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) бар тими Қирғизистон (U-17) бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Ду голи мизбононро Одилхон Добай (40+1, 70 - аз пеналтӣ) ва як голро Галимжан Кенжебек (71) ба ҳадаф расонданд. Голи меҳмононро Мирлан Худойбердиев (37) зад.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввали мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар гурӯҳи “А” мунтахаби Қазоқистон ва дар гурӯҳи “Б” дастаи Тоҷикистон бо сеимтиёзӣ мақоми аввалро касб намудаанд.

Ҷавоизи умумии Ҷоми президенти Қазоқистон 15 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолиб ба ҷуз ҷому медалҳои тилло бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба ҷоизадори нуқра 5 ҳазор доллар ва ба ҷоизадори биринҷӣ 3 ҳазор доллар супурда мешавад.

Зайниддин Раҳимов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ширкат дар Ҷоми президенти Қазоқистон барои дастаи мо як марҳалаи омодагӣ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри имсол дар Малайзия доир мегардад».

Зимнан, дар мусобиқаи қитъавӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) бозӣ мекунад.

Тақвими бозиҳои Ҷоми президенти Қазоқистон-2018:

Гурӯҳи «А»: Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон.

Гурӯҳи «Б»: Қазоқистон-2, Тоҷикистон, Академияи Краснодар.

Даври 2-юм

25 август (шанбе)

14:00Тоҷикистон – Академияи Краснодар

17:00 – Қирғизистон – Озарбойҷон

Даври 3-юм

26 август (якшанбе)

14:00 – Академияи Краснодар – Қазоқистон-2

17:00 – Озарбойҷон – Қазоқистон

28 август (сешанбе)

10:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

18:00 – Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG