Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Трамп аз коҳиши сармоягузории Амрико ба СММ хабар дод


Ҷон Болтон ҳангоми сӯҳбат бо Reuters. 21 августи соли 2018
Ҷон Болтон ҳангоми сӯҳбат бо Reuters. 21 августи соли 2018

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузориии Созмони Милали Муттаҳидро ба маблағе, ки барои Шӯрои ҳуқуқи башар ҷудо мешавад, коҳиш медиҳад. Дар ин бора ёвари президент дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон рӯзи гузата ба Associated Press хабар дод.

Болтон ёдовар шуд, ки Вашингтон 22 дар сади буҷаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро пӯшиш медиҳад ва яке сармоягузорони аслии ин созмон аст. ИМА мушаххас хоҳад кард, ки кадом бахши сармоягузории солонааш ба Идораи СММ дар умури ҳуқуқи башар меравад ва сармоягузориашро дақиқан ба ҳамин андоза кам мекунад.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 20 июн аз Шӯрои ҳуқуқи башари СММ хориҷ шуд. Қатъномаи СММ бо танқиди сиёсати Исроил дар Ховари Миёна ба хуруҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башар сабаб шуд.

XS
SM
MD
LG