Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғаниҷон Ғаниев аввалин қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни мактаббачагон шуд


Варзишгари навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагони солҳои таваллудашон 2002-2003, ки дар шаҳри Орёли Русия ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни 72 кило медали тилло ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Тхиваиос Димитрос аз Юнон пирӯз шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми август, хабар дод. Ӯ афзуд, “дар ин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки барои бори аввал миёни мактаббачагон доир шудааст, намояндагони 25 кишвар ширкат доранд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Федератсияи байналмилалии варзиши мактабӣ Лоран Петринка аз дараҷаи баланди омодагии варзишгарон изҳори хушҳолӣ кард. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро 9 гуштигири наврас дар сабқати писарон намояндагӣ мекунад”.

Рӯзи аввали мусобиқот – 23-юми август – варзишгарон дар панҷ вазн – 42, 50, 60, 72 ва 84 кг – рақобат карданд. Ба ҷуз Ғаниҷон Ғаниев, се гуштигири дигари тоҷик – Кароматулло Кароматов (50 кг), Мунис Бобоев (60 кг) ва Ҳабибулло Нуруллозода (84 кг) – дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Имрӯз, 24-уми август, рақобатҳо дар панҷ вазни боқимонда барпо мегардад. Тоҷикистонро инҳо муаррифӣ мекунанд: Муҳаммадҷон Зиёев (46 кг), Суннатуллои Мирзоалӣ (55 кг), Субҳиддин Халилзода (66 кг), Озодӣ Носиров (78 кг) ва Фазлиддиншо Ҳусейнов (+84 кг).

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагон дар шаҳри Орёли Русия:

23 августи соли 2018

Писарон:

42 кг

1. Караулшиков Никита (Русия)

2. Ангсаган Казбек (Қазоқистон)

3. Мусоев Абдумалик (Қирғизистон)

3. Саргсян Грач (Арманистон)

50 кг

1. Шамсуддинов Дамир (Русия)

2. Суиумқулов Эрмек (Қирғизистон)

3. Арапан Иулян (Молдова)

3. Адашян Армен (Арманистон)

60 кг

1. Андреу Киприанос (Кипр)

2. Латисев Михаил (Молдова)

3. Лобанов Максим (Русия)

3. Зубко Даниил (Фаронса)

72 кг

1. Ғаниев Ғаниҷон (Тоҷикистон)

2. Тхиваиос Димитрос (Юнон)

3. Гхергелиник Артур (Молдова)

3. Лоповок Ефим (Русия)

84 кг

1. Канатчиков Александр (Русия)

2. Поладишвили Торнике (Гурҷистон)

3. Чияшков Вячеслав (Беларус)

3. Гаврилидис Аристотел (Юнон)

XS
SM
MD
LG