Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Болтону Патрушев бе изҳороти муштарак ба поён расид


Ҷон Болтон ва Николай Патрушев
Ҷон Болтон ва Николай Патрушев

Мулоқоти мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон ва котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар шаҳри Женева бидуни изҳороти муштарак ба поён расид.

Ба гуфтаи Болтон, мулоқот дар ҳоле бо чунин шева ба поён расид, ки ӯ ҳангоми гуфтугӯ масъалаи дахолати Русия ба интихоботи Амрикоро матраҳ кард.

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ гуфт, дар Вашингтон дахолати нав ба интихоботи Амрикоро таҳаммул нахоҳанд кард. Ба гуфтаи ӯ, ИМА омодааст, аз кӯшиши таъсир расондан ба интихоботи Конгресс дар моҳи ноябр пешгирӣ кунад.

Мулоқоти Болтон бо Патрушев пушти дарҳои баста 5 соат идома ёфта, рӯзноманигоронро ҳатто ҳангоми истиқбол ва дастфишории ҷонибҳо роҳ надоданд. Дар гуфтугӯ ҷанги Сурия, низоъ дар шарқи Украина ва муносибатҳои дуҷониба дар пасманзари сахттар шудани таҳримҳои ИМА баррасӣ шуданд.

Патрушев баъд аз анҷоми мулоқот гуфт, мақомҳои дигари расмии ИМА-ро барои гуфтугӯи дуҷониба ба Русия даъват мекунад. Дар робита ба мулоқоти навбатии ҷонибҳо созише ҳосил нашуд.

XS
SM
MD
LG