Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Credit Suisse дороиҳои $5 миллиардии марбут ба Русияро масдуд кард


Credit Suisse Bank
Credit Suisse Bank

Бонки Шветсария -Credit Suisse, дороиҳоеро ба маблағи 5 миллиард доллар, ки ба Русия марбут буданд, масдуд кард. Хабаргузории Reuters рӯзи чоршанбе гуфт, ки Credit Suisse ин тасмимро барои пешгирӣ аз таҳримҳои ИМА гирифт.

Номи соҳибони ҳисобҳои бонкии масдудшуда маълум нест. Reuters мегӯяд, ки Шветсария аз масирҳои маъруфест, ки русҳои сарватманд дороиҳои худро ба онҷо интиқол медиҳанд. Қарори Credit Suisse дар Думаи давлатӣ "зарба ба доллар ва обрӯи сохторҳои молӣ" унвон шуд.

Рӯзи 22 август татбиқи мавҷи нави таҳримҳои Амрико бар зидди Русия оғоз шуд, ки дар заминаи заҳролӯдшавии корманди пешини Идораи Истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия ҷорӣ шуданд.

Ҳоло Конгресси ИМА дар посух ба дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи соли 2016, тарҳеро омода кардааст, ки амалиёти бонкҳои Русия бо доллари ИМА, манъи сармоягузорӣ ба қарзи давлатии Русия ва маҳдуд кардани воридоти текноложии соҳаи нафт ба ин кишварро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG