Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони қирғизу тоҷик аз фурӯрезии боме дар Сахалин ҷон бохтанд. ВИДЕО


Макони ҳодиса дар Сахалин
Макони ҳодиса дар Сахалин

Дар натиҷаи фурӯрезии боми як корхона дар шаҳри Поронайскии вилояти Сахалини Русия рӯзи 19-уми август ду шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтанд. Дар ин ҳодиса панҷ шаҳрванди дигари Қирғизистон низ осеб дидаанд.

Шаҳрвандони ҳалокшудаи Қирғизистон 22 ва 23 сол дошта, сокинони ноҳияи Узген буданд. Ҷасади онҳо ташхис ва сипас ба ватан интиқол меёбад. Дар ин бора раиси ҷамъияти қирғизҳои Сахалин Эшим Толбоев иттилоъ дод. Дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Ҷамъияти қирғизҳои Сахалин барои интиқоли ҷасадҳо ба Қирғизистон пул ҷамъ мекунад.

Он рӯз ҳангоми фурӯрезии бом дар иншооти мазкур даҳ муҳоҷир кор мекард. Додситонии вилояти Сахалин дар сомонаи худ аз санҷиши ҳодиса хабар дод.

Ҳалокати муҳоҷирон ҳангоми фурӯрезии боме дар Сахалин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

XS
SM
MD
LG