Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози иди Қурбон дар масоҷиди Тоҷикистон хонда шуд


Субҳи 21-уми август дар ҳама масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон намози иди Қурбон хонда шуд. Ин маросим пуриздиҳом буд ва зери чораҳои амниятӣ баргузор гардид.

Намозгузорон қабл аз вуруд ба масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз дастгоҳи ташхиси маводи тарканда ё фулузот гузаштаанд. Аммо ба фарқ аз солҳои гузашта кормандони пулис ба намозгузорони ҷавон зиёд таваҷҷуҳ намекарданд.

Ба гуфтаи имомхатибҳо, аз шоми гузашта масоҷид зери назорати қатъии кормандони пулис қарор дошт то аз сар задани ҳаргуна ҳодисаи нохуш ҷилавгирӣ шавад. Имомхатибони масоҷид ҳам дар поёни намоз барои оромии Тоҷикистон дуо карданд.

Имсол иди Қурбон дар Тоҷикистон мисли солҳои қабл дар пайи худ баҳсҳоеро ба дунбол дорад. Агар соли гузашта рӯзи корӣ эълон шудани иди Қурбон дар рӯзи 1-уми сентябр баҳсбарангез шуда бошад, имсол ҳушдори Кумитаи дин ба сокинон дар сархати хабарҳо қарор гирифт.

Кумитаи дин ва танзими анъана як ҳафта қабл ҳушдор дод, ки дар рӯзи иди Қурбон дар манзили шаҳрвандон “рейд” мегузаронанд ва соҳибони дастархонҳои пурхарҷро то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд кард. То ин лаҳзаҳо ҳоло масъулини Кумитаи дин нагуфтаанд, ки рейди онҳо чӣ натиҷа дод.

Рӯзи Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд. ​

XS
SM
MD
LG