Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон аз тими Чин низ 16 гол хӯрд


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия аз тими Чин низ бо ҳисоби 0:16 шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи футбол миёни занон дар шаҳри Палембанг 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош дорад.

Ин бозии даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “В” 20-уми август дар варзишгоҳи “Bumi Sriwijaya”-и шаҳри Палембанги Индонезия баргузор шуд. Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Чин дар ибтидо чунин буд: дарвозабон - Сайёра Саидова, ҳимоятгарон - Саҳина Саидова, Марҷона Файзуллоева, Нодира Мирзоева, Шукрона Хоҷаева, нимҳимоятгарон - Наталия Сотникова, Муниса Мирзоева, Лайло Ҳалимова, ҳамлагарон - Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова (капитан), Некӯбахт Худодова. Бозигарни эҳтиётӣ: Насиба Олимова, Шаҳноза Бобоева, Мавҷуда Сафарова, Адолатхон Комилова, Сайрамҷон Холназарова, Шукронаи Ҷумъахон, Шукронаи Азимзода. Сармураббӣ – Қаноат Латипов.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия аз тими Кореяи Шимолӣ низ бо ҳисоби 0:16 шикаст хӯрда буд.

Дар бозии дигари даври дувуми сабқати гурӯҳи “В” мунтахаби Кореяи Шимолӣ бар дастаи Ҳонконг бо ҳисоби 8:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дувум дар гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Чин бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Кореяи Шимолӣ мақоми аввал ва Чин мақоми дувумро касб намудаанд. Вале дастаҳои Ҳонконг ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Дар даври севуми мусобиқот дар гурӯҳи “В”, ки 22-юми август барпо мегардад, мунтахаби Тоҷикистон бо Ҳонконг ва Чин бо Кореяи Шимолӣ рақобат мекунанд. Дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Чин, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд, барои ҷойи аввал дар гурӯҳ талош меварзанд. Тимҳои Ҳонконгу Тоҷикистон бошанд, барои роҳхати севум ба даври баъдӣ мубориза мебаранд. Ҳонконгро натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Дар мусобиқаи футбол миёни занон дар шаҳри Палембанг 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош дорад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби занонаи Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин ва Молдив, ба гурӯҳи "С" Ҷопон, Ветнам ва Тайланд дохиланд. Аз гурӯҳҳои "А" ва "В" седастаӣ ва аз гурӯҳи "С" ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия то рӯзи 2-юми сентябр идома меёбад, варзишгарони 45 кишвари қора барои 462 маҷмӯи медалҳо, аз он ҷумла 363 маҷмуъ оид ба намудҳои олимпии варзиш, рақобат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол мунтахаби Чин бо касби 36 медал (15 тилло, 12 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 30 медал (8-11-11) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 24 медал (5-9-10) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 20 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 13 кишвар медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 7 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи даҳум, мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медал (1-2-3) дар ҷойи ёздаҳум ва мунтахаби Қирғизистон бо касби ду медали нуқра дар ҷойи чордаҳум қарор доранд. Вале варзишгарони Тоҷикистону Туркманистон алъон медал ба даст наовардаанд.

Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо бештар аз 80 варзишгар дар 16 намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ, таэквондо WTF, гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс ва ушу – намояндагӣ мекунанд.

Варзишгарони тоҷик рӯзҳои 19-ум ва 20-уми август аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ оид ба гуштии варзишӣ, тирандозӣ, ушу, шиноварӣ, футболи занона ва таэквондо рақобат карда, ноком шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат меварзанд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Ҷурбонов марбут аст.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия

ФУТБОЛ

Занон

Гурӯҳи “В”

Палембанг

17 август. Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 16:0

20 август. Тоҷикистон – Чин – 0:16

22 август. Ҳонгконг – Тоҷикистон

ТИРАНДОЗӢ

21-26 август, Палембанг

Бежан Файзуллоев, Малика Лагутенко, Тоҷиддин Валиев

ГУШТИИ ВАРЗИШӢ

21-22 август, Ҷакарта

Гуштии юнониву румӣ

Вазни -67 кг - Мубинҷон Аҳмадов

Вазни -77 кг - Бахтовар Ҳасанов

Вазни -130 кг - Суҳроҷ Азизов

ШИНОВАРӢ

21-24 август, Ҷакарта

Карина Климик (100 м. Breaststroke, 50 м. Butterfly, 50 м. Breaststroke, 50 м. Freestyle);

Анастасия Тюрина (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle, 50 м. Freestyle);

Алиҷон Хайруллоев (50 м. Freestyle, 100 м. Freestyle, 50 м. Butterfly);

Олимҷон Эшонов (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle).

ТАЭКВОНДО

22 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -63кг - Хуррам Меҳтаршоев

Вазни -80кг - Фарҳод Неъматов

ВАЗНАБАРДОРӢ

21-27 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -77 кг - Илҳомҷон Шукуров

КАМОНВАРӢ

21-28 август, Ҷакарта

Мардон

Умедҷон Худоёров

Занон

Фирӯза Зубайдова, Зӯҳро Тағоева

БОКС

22-31 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -56 кг - Асрор Воҳидов

Вазни -64 кг - Баҳодур Усмонов

Занон

Вазни -51 кг - Мадина Ғаффорова

Вазни -60 кг - Шоира Зулқайнарова

ҶИУ-ҶИТСУ

24-26 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -62 кг - Шоимард Абдулназаров

Вазни -77 кг - Абдуманнон Раҳимов

Вазни -85 кг - Абдуғафур Абдуллоев

КАРАТЭ

25-27 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -60 кг - Абдулваҳҳоб Шаропов

Вазни -67 кг - Раҷаббек Раҳимов

Вазни -84 кг - Ҷавоҳир Ҳайдаров

Занон

Вазни -55 кг - Гулосори Суҳроб

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ

25 август – 1 сентябр, Палембанг

Мардон

Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоҳирҷон Набиев, Саидаҳтамхон Назиров, Абдусаттор Ғафуров, Мустафо Даминов

ВАРЗИШИ САБУК

25-30 август, Ҷакарта

Дилшод Назаров (гурзандозӣ);

Абдурауф Мӯсоев (гурзандозӣ);

Кристина Пронженко (дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа);

Григорий Дерипаскин (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр);

Давронҷон Атабоев (дав ба масофаи 400 метр);

Одилшоҳ Исматов (дав ба масофаи 800 метр).

КУРАШ

28-30 август, Ҷакарта

Вазни -66 кг - Орифҷон Додов, Баҳодур Ҳалимов

Вазни -81 кг - Акмал Муродов, Беҳрӯз Хоҷазода

Вазни -90 кг - Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Ғазалшои Давлатшо

Вазни +90 кг - Набимуҳаммад Хоркашев, Саидҷалол Саидов

ҶУДО

29-31 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -60 кг - Суҳроб Боқиев

Вазни -66 кг - Ёқубҷон Боқиев

Вазни -73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода

Вазни -81 кг - Акмал Муродов

Вазни -90 кг - Комроншоҳи Устопириён

Вазни -100 кг - Саидҷалол Саидов

Вазни +100 кг - Шакармамад Мирмамадов

Занон

Вазни -57кг – Шоҳида Қаландарова

САМБО

31 август – 1 сентябр, Ҷакарта

Вазни -52 кг - Сомон Сангов, Ҷомии Ҳасан

Вазни -90 кг - Комроншоҳи Устопириён, Умед Ҳасанбеков

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG