Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

0:16 – Шикасти тими занони тоҷик аз мунтахаби Кореяи Шимолӣ


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия аз тими Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:16 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “В” 17-уми август дар варзишгоҳи “Bumi Sriwijaya”-и шаҳри Палембанги Индонезия баргузор шуд.

Ҳайати асосии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими Кореяи Шимолӣ чунин буд: дарвозабон - Сайёра Саидова, ҳимоятгарон - Саҳина Саидова, Марҷона Файзуллоева, Насиба Олимова, Нодира Мирзоева, нимҳимоятгарон - Муниса Мирзоева, Наталия Сотникова, Лайло Ҳалимова, ҳамлагарон - Мадина Фозилова (капитан), Зулайхо Сафарова, Некӯбахт Худодова. Бозигарни эҳтиётӣ: Шаҳноза Бобоева, Мавҷуда Сафарова, Адолатхон Комилова, Шукрона Хоҷаева, Сайрамҷон Холназарова, Шукронаи Ҷумъахон, Шукронаи Азимзода. Сармураббӣ – Қаноат Латипов.

Дар даври дувуми мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо Чин ва Кореяи Шимолӣ бо Ҳонконг рақобат мекунанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Чин бар дастаи Ҳонконг бо ҳисоби 7:0 ғолиб омад. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи “В” дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Чин бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Кореяи Шимолӣ мақоми аввал ва Чин мақоми дувумро касб намудаанд. Вале дастаҳои Ҳонконг ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Дар даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “В”, ки 20-уми август барпо мегардад, мунтахаби Тоҷикистон бо Чин ва Кореяи Шимолӣ бо Ҳонконг рақобат мекунанд.

Зимнан, дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба сабқат шуруъ кард. Дар мусобиқаи футбол миёни занон, ки дар шаҳри Палембанг 16-уми август оғоз ёфт, 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош дорад.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби занонаи Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин ва Молдив, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Ветнам ва Тайланд дохиланд. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, ҳудуди 10 ҳазор варзишгари 45 кишвари қора барои 462 маҷмӯи медалҳо, аз он ҷумла 363 маҷмуъ оид ба намудҳои олимпии варзиш, рақобат мекунанд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин Бозиҳо бештар аз 100 касро ташкил медиҳад, ки 81 нафарашон варзишгаранд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 16 намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ, таэквондо WTF, гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс ва ушу – ширкат меварзанд.

Имрӯз, 18-уми август, дар варзишгоҳи “Гелора Бунг Карно»-и шаҳри Ҷакарта маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ доир мешавад. Дар ин маросим варзишгари маъруфи тоҷик Искандари Рустам, ки дар ин Бозиҳо дар мусобиқаи гуштии озод иштирок мекунад, парчамбардори Тоҷикистон мебошад.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат меварзанд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Ҷурбонов марбут аст.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия

ФУТБОЛ

Занон

Гурӯҳи “В”

Палембанг

17 август. Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон – 16:0

20 август. Тоҷикистон - Чин

22 август. Ҳонгконг – Тоҷикистон

ТИРАНДОЗӢ

18-26 август, Палембанг

Бежан Файзуллоев, Малика Лагутенко, Тоҷиддин Валиев

ГУШТИИ ВАРЗИШӢ

19-22 август, Ҷакарта

Гуштии озод

Вазни -57 кг - Ҳикматулло Воҳидов

Вазни -65 кг - Абдулқосим Файзиев

Вазни -74 кг - Гамид Ҷалилов

Вазни -86 кг - Баҳодур Қодиров

Вазни -97 кг - Искандари Рустам

Вазни -125 кг - Фарҳод Анақулов

Гуштии юнониву румӣ

Вазни -67 кг - Мубинҷон Аҳмадов

Вазни -77 кг - Бахтовар Ҳасанов

Вазни -130 кг - Суҳроҷ Азизов

УШУ

19-23 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -70 кг - Мирзодалерхон Хуршедзода

ШИНОВАРӢ

19-24 август, Ҷакарта

Карина Климик (100 м. Breaststroke, 50 м. Butterfly, 50 м. Breaststroke, 50 м. Freestyle);

Анастасия Тюрина (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle, 50 м. Freestyle);

Алиҷон Хайруллоев (50 м. Freestyle, 100 м. Freestyle, 50 м. Butterfly);

Олимҷон Эшонов (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle).

ТАЭКВОНДО

20-23 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -58кг - Маҳмадҷон Суннатов

Вазни -63кг - Хуррам Меҳтаршоев

Вазни -80кг - Фарҳод Неъматов

ВАЗНАБАРДОРӢ

20-27 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -77 кг - Илҳомҷон Шукуров

КАМОНВАРӢ

21-28 август, Ҷакарта

Мардон

Умедҷон Худоёров

Занон

Фирӯза Зубайдова, Зӯҳро Тағоева

БОКС

22-31 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -56 кг - Асрор Воҳидов

Вазни -64 кг - Баҳодур Усмонов

Занон

Вазни -51 кг - Мадина Ғаффорова

Вазни -60 кг - Шоира Зулқайнарова

ҶИУ-ҶИТСУ

24-26 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -62 кг - Шоимард Абдулназаров

Вазни -77 кг - Абдуманнон Раҳимов

Вазни -85 кг - Абдуғафур Абдуллоев

КАРАТЭ

25-27 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -60 кг - Абдулваҳҳоб Шаропов

Вазни -67 кг - Раҷаббек Раҳимов

Вазни -84 кг - Ҷавоҳир Ҳайдаров

Занон

Вазни -55 кг - Гулосори Суҳроб

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ

25 август – 1 сентябр, Палембанг

Мардон

Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоҳирҷон Набиев, Саидаҳтамхон Назиров, Абдусаттор Ғафуров, Мустафо Даминов

ВАРЗИШИ САБУК

25-30 август, Ҷакарта

Дилшод Назаров (гурзандозӣ);

Абдурауф Мӯсоев (гурзандозӣ);

Кристина Пронженко (дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа);

Григорий Дерипаскин (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр);

Давронҷон Атабоев (дав ба масофаи 400 метр);

Одилшоҳ Исматов (дав ба масофаи 800 метр).

КУРАШ

28-30 август, Ҷакарта

Вазни -66 кг - Орифҷон Додов, Баҳодур Ҳалимов

Вазни -81 кг - Акмал Муродов, Беҳрӯз Хоҷазода

Вазни -90 кг - Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Ғазалшои Давлатшо

Вазни +90 кг - Набимуҳаммад Хоркашев, Саидҷалол Саидов

ҶУДО

29-31 август, Ҷакарта

Мардон

Вазни -60 кг - Суҳроб Боқиев

Вазни -66 кг - Ёқубҷон Боқиев

Вазни -73 кг - Беҳрӯзи Хоҷазода

Вазни -81 кг - Акмал Муродов

Вазни -90 кг - Комроншоҳи Устопириён

Вазни -100 кг - Саидҷалол Саидов

Вазни +100 кг - Шакармамад Мирмамадов

Занон

Вазни -57кг – Шоҳида Қаландарова

САМБО

31 август – 1 сентябр, Ҷакарта

Вазни -52 кг - Сомон Сангов, Ҷомии Ҳасан

Вазни -90 кг - Комроншоҳи Устопириён, Умед Ҳасанбеков

XS
SM
MD
LG