Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анқара ва Тошканд гардиши молро бамаротиб зиёд мекунанд


Гардиши мол миёни Туркия ва Узбекистон ахиран ба нишондоди рекордӣ расид, гуфт Аҳмад Башар Шен, сафири Туркия дар Тошканд дар сӯҳбат бо хабарнигорон. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ки ин нишондод то охири сол ба ду миллиард доллар баробар шавад.

Сафир афзуд, ду кишвар талош доранд, ки дар оянда гардиши молро ба 5 миллиард доллар расонанд.

"Миёни Туркия ва Узбекистон дар гузашта дар робита ба иқтисодиёт ихтилофи назар вуҷуд дошт. Аммо ҳоло президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз тоҷирони турк даъват мекунад, ки ба иқтисоди кишвараш сармоягузорӣ кунанд. Талош мешавад, ки барои тоҷирони турк шароити мусоид фароҳам овардаранд", - гуфт Шен.

Ба гуфтаи сафир, роҳбарони ду кишвар дар давоми ду соли охир сафарҳои ҷавобӣ доштанд ва бо соҳибкорон мулоқот карданд.

"Ҳамаи ин мусоидат мекунад, ки муносибатҳои иқтисодӣ беҳ шаванд ва тиҷорат байни Туркияву Узбекистон рушд кунад", - афзуд Шен.

XS
SM
MD
LG