Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони як деҳаи Қазоқистон ба сайёҳон ҳамла карданд


Дар вилояти Алматои Қазоқистон сокинони маҳаллӣ ба гуруҳи сайёҳон ҳамла карданд. Ин ҳодиса рӯзи 16 август ба вуқӯъ паваст ва иттилоъ дар ин робита дар саҳифаи расмии ширкати Kazakh Tourism дар Фейсбук нашр шуд.

"Гуруҳи сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Капали вилояти Алмато ба сайёҳон ҳамла карданд. Сайёҳон мехостанд, аз мағозаи деҳа об бихаранд. Дар гуруҳ ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ шомил буданд. Ин ҳодиса ташвишовар аст. Ба имиҷи минтақа таъсири манфӣ мерасонад ва талошҳои моро барои ҷалби сайёҳон барбод медиҳад", - навишт ширкати Kazakh Tourism.

Сабаби ҷанҷол ва ҷузъиёти бештар маълум нест. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "авбошӣ" тафтишо ғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG