Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф: Ҳадафи гуруҳи вижа сарнагунии режими Эрон аст. ВИДЕО


Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф – вазири корҳои хориҷии Эрон – гуфт, ки ҳадаф аз ташкили “Гуруҳи иқдоми Эрон” дар Вазорати умури хориҷии Амрико сарнагунии режими Ҷумҳурии Исломӣ аст. Зариф гуфтааст, ин гуруҳ дар ин кор ноком хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 19-уми август дар паёме дар “Твиттер” ба муносибати 65-умин солгарди табадуллот дар Эрон, ки аз ҳимояти Амрико бархӯрдор буд, ба ин масъала ишора кардааст.

Дар натиҷаи ин табаддулот дар соли 1953, ҳукумати мунтахаби Эрон ба раҳбарии нахуствазир Муҳаммад Мусаддиқ суқут кард. Муҳаммад Ҷавод Зариф навиштааст, Амрико ҳукумати Мусаддиқро сарнагун ва диктатуриро дар Эрон ҳоким сохт.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, панҷшанбеи ҳафтаи гузашта эълон кард, ки барои ҳамоҳангии иқдомҳо бар зидди Эрон дар Департаменти давлатии ИМА гурӯҳи кории вежа ташкил мешавад. Ӯ гуфт дипломат ва мушовири баландпоя Брайан Ҳук ба ҳайси намояндаи хос дар умури Эрон раҳбарии ин гурӯҳи кориро бар дӯш мегирад.

Таъсиси гурӯҳи кории ИМА барои рафъи таҳдиди Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00
XS
SM
MD
LG