Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами Тоҷикистон дар Ҷакарта барафрохта шуд


Дар як маросими ботантана, ки 16-уми август дар пойтахти Индонезия – шаҳри Ҷакарта барпо гардид, Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи варзишгарони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ барафрохта шуд.

Дар ин маросим намояндаи мизбонон Йуни Картика варзишгарони тоҷикро, ки барои ширкат дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ба Индонезия омадаанд, хайра мақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд.

Варзишгари маъруфи тоҷик Искандари Рустам, ки дар мусобиқаи гуштии озод иштирок мекунад, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ мебошад.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, ҳудуди 10 ҳазор варзишгари 45 кишвари қора барои 462 маҷмӯи медалҳо, аз он ҷумла 363 маҷмуъ оид ба намудҳои олимпии варзиш, рақобат мекунанд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин Бозиҳо бештар аз 100 касро ташкил медиҳад, ки 81 нафарашон варзишгаранд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 16 намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ, таэквондо WTF, гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс ва ушу – ширкат меварзанд.

Мусобиқоти қитъавӣ дар пойтахти Индонезия – Ҷакарта - ва шаҳри Палембанг барпо мегардад. Дар ҳарду шаҳр деҳаҳои варзишгарон ҷойгир шудааст.

Мусобиқот дар Ҷакарта оид ба чунин намудҳо доир мешавад: варзиши сабук, бокс, ҷудо, гуштии озод ва юнониву румӣ, велосипедронӣ (трек, шоссе, маутинбайк), тӯббозӣ дар об (ватерполо), панҷҳарбаи муосир, таэквондо, шамшерзанӣ, каратэ, регби, шиноварӣ, ҳандбол, камонварӣ, гимнастикаи бадеӣ, варзиш бо заврақҳои бодбондор, чавгонбозӣ, қаиқронӣ (слалом), гимнастикаи варзишӣ, волейбол, голф, баскетбол, баскетбол 3х3, ҷаҳиш дар батут.

Дар Палембанг бошад, мусобиқот оид ба намудҳои зерин сурат мегирад: қаиқронии академӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, тирпарронӣ, тирпарронӣ ба лаъличаҳо, триатлон, волейболи соҳилӣ, шухпаймоии варзишӣ, теннис.

То рӯзи ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки 18-уми август доир мешавад, рақобатҳои квалификатсионӣ ё интихобӣ оид ба футбол, ҳандбол, тӯббозӣ дар об ва баскетбол барпо мегардад. Варзишгари маъруфи тоҷик Искандари Рустам, ки дар мусобиқаи гуштии озод иштирок мекунад, парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ мебошад.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда ба сабқат шуруъ мекунад. Дар мусобиқаи футбол миёни занон, ки 16-уми август дар шаҳри Палембанг оғоз ёфт, 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош меварзад.

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонгконг ва Чин мебошанд. Футболбоззанони тоҷик имрӯз, 17-уми август, бо Кореяи Шимолӣ, 20-уми август бо Чин ва 22-юми август бо Ҳонконг вориди рақобат мешаванд.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби занонаи Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин ва Молдив, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Ветнам ва Тайланд дохиланд. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 30-юми август барпо мегардад.

Ба ҷуз дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон, то ҳоло варзишгарони тоҷик аз намудҳои таэквондо, гуштии озод ва юнониву румӣ, вазнабардорӣ ва тирандозӣ ба Индонезия - макони Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ - расиданд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, инчунин мунтахаби Қазоқистон бо шумули 440 варзишгар, аз он ҷумла 404 нафар барои медалҳо дар 25 намуди варзиши олимпӣ оид ба 37 навъи рақобатҳо ширкат меварзад. Узбекистонро 232 варзишгар оид ба 30 намуди варзиш намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати варзишии Қирғизистон ҳудуди 100 кас дохил аст. Варзишгарони қирғиз дар 29 намуд рақобат мекунанд. Туркманистонро дар ин Бозиҳо 65 варзишгар дар даҳ намуд - шиноварӣ, гуштии варзишӣ (гуштии озод ва юнониву румӣ), баскетбол 3х3, вазнабардорӣ, бокс, ҷиу-ҷитсу, варзиши сабук, гуштии кураш, ҷудо ва самбо - намояндагӣ мекунад.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат хоҳанд кард. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Ҷурбонов марбут аст.

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, ҷудо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэ-до, таэквондо WTF, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо WTF байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни + 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

Тақвими мусобиқоти рӯзи ҷумъаи 17- уми август

аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ

Баскетбол. Занон.

Гурӯҳи Х. Тайван – Кореяи Ҷанубӣ. Ҳиндустон – Қазоқистон.

Гурӯҳи Y. Ҷопон – Чин. Муғулистон – Ҳонконг.

Футбол. Занон.

Гурӯҳи В. Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон. Чин – Ҳонконг.

Ҳандбол (Тӯби дастӣ). Мардон.

Гурӯҳи А. Қатар – Эрон

Гурӯҳи В. Кореяи Ҷанубӣ – Ҷопон

Гурӯҳи С. Индонезия – Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи D. Ҳиндустон – Ироқ. Баҳрайн – Тайван.

Ватерпол (Тӯббозӣ дар об). Занон

Индонезия – Ҳонконг. Қазоқистон – Тайланд. Ҷопон – Чин.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG