Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чашми обии писар" даъвои зану шавҳарро то куштор бурд


Акс аз вебсайтти 360tv.ru

Дар шаҳри Иркутски Русия мурофиаи додгоҳии як марди тоҷик шурӯъ шуд, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсар ва тифли якунимсолааш айбдор шудааст. Файзиддин Ҳабибуллоеви 26-сола, сокини ноҳияи Данғараи Тоҷикистон ба тани ҳамсари рус ва фарзандаш 80 зарби корд задааст. Ҷасади зан бо 60 ва фарзанди якунимсола бо 20 корд аз ҷониби полис ошкор шуд.

"Чашми кабуди писар"

Дар баёнияҳои муқаддамотӣ Ҳабибуллоев гуфтааст, ки ба ҳамсари рустабораш Наталя рашк мекард ва сабаби ҳамлааш ҳам шубҳа дар садоқати ҳамсар буд. Матбуоти русӣ бо такя ба тафтишот навишт, ки "чашми обии кӯдак" гӯё мавриди шубҳаи Ҳабибуллоев буд ва ин мард бовар надошт, ки Абӯбакр писари ӯст. Даъвое, ки хонавода онро радд мекунанд.

Бархе ҷомеашиносони рус мегӯянд, вуҷуди мавзӯи рашку шубҳа дар муносибатҳои ҳамсарон, ки яке аз онҳо русу дигараш хориҷӣ аст, нав нест. Гоҳҳо тафовутҳои фарҳангӣ дар зеҳнияти ҳамсарони рус, боиси норизоияти ҳамсарони муҳоҷирашон мешавад.

Рӯзи аввали мурофиа, ки рӯзи 15-уми август дар як додгоҳи Иркутск ҷараён гирифт, Ҳабибуллоев гуфт, ки ҷузъиёти ҳамларо ёд надорад ва инро дар ҳолати номукаллафӣ содир кардааст. Дар ин бора оҷонсии "Байкал24" хабар додааст. Вале айбдкоркунанда дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ҷинояти мудҳишро ин марди тоҷик огоҳона содир кард ва ташхиси тиббӣ низ солимии ҳолати равонии ӯнишон дод. Дар рӯзи аввали мурофиа модарарӯси Ҳабибуллоев гуфт, ки дар гузашта ҳам шоҳид шуда буд, ки домодаш духтри ӯро озор медод, латтукӯб мекард. Мурофиа рӯзи 20-уми август идома мекунад.

Ҳодиса чӣ гуна рух дод?

Дар шарҳи ҷиноят намояндагии Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Иркутск навиштааст, ки куштори ҳамсару кӯдак дар як хонаи иҷора рух дод. 13-уми марти соли ҷорӣ ин хонавода бо нияти таҷлили як ҷашни оилавӣ дар сари дастурхон ҷамъ шуд. Баъди муддате гӯё ба телефони мобили ҳамсари Ҳабибуллоев аз номи кадом марди ношиносе паём ё СМС ворид шуд ва ҳамсар дар ғояти қаҳру ғазаб ба даст корд гирифта, ба ҳамсар ва баъдан тифлаш ҳамла кард.

Тафтишот гуфтааст, ки баъди куштор Ҳабибуллоев дар беруни Иркутск дар кадом як дачае пинҳон шуда, ният доштааст ба Тоҷикистон фирор кунад, вале боздошт ва дар ҷиноят иқрор шуд. Дар ҳоле, ки ба Файзиддин Ҳабибуллоев ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад, намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск мегӯянд, ин ҳодиса ҳамаро такон дод.

"Ҳабибуллоев замоне узви фаъоли ҷамъияти тоҷикон буд"

Намое аз шаҳри Иркутск.
Намое аз шаҳри Иркутск.

Раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск бо номи "Ҳамватан" Муриват Маликшоев бо Ҳабибуллоев шахсан шинос аст. Ӯ гуфт, "вақте куштор ошкор ва худи Файзиддин боздошт шуд гӯё дар ҷараёни бозпурсиҳо гуфтааст, ки воқеан ҳам ҳамсарашро кушта буд, вале қатли кӯдакро эътироф накардааст". Маликшоев гуфт, ки тафтишотро бештар на куштори бераҳмони ҳамсар, балки қатли кӯдак ваҳшатзада кард ва эҳтимол ин ҳолат ҳангоми содир шудани ҳукм нақши муҳим мебозад.

Муриват Маликшоев рӯзи 16 август дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавон чанд соли пеш ба Иркутск бо ҳадафи кор дар бахши сохтмон омад ва базудӣ як ширкати худро ҳам таъсис дода, асосан ҷавонҳои тоҷик ба кор даъват кард.

Ӯ мегӯяд, Ҳабибуллоев дар оғоз як узви фаъоли ҷамъияти тоҷикон буд, бо ҳамватанон робитаи наздик дошт ва ҳама медонистанд, ки оилаи хуб ҳам барпо кардааст. Ба гуфтаи Маликшоев, ҳамсараш Наталя дини исломро қабул карда буд ва баъди қатли ӯву писараш, онҳоро бо иҷозаи модари духтар дар қабристони мусалмонии Иркутск ба хок супурданд.

Муриват Маликшоев гуфт, вале як-ду соли охир рафтораш тағйир кард, бештар дар бораи дин гап мезад. Ҳарчанд дар оғоз худаш чандон одами мазҳабӣ набуд. Як риш ҳам гузошт. Ҳузураш дар маҳфилҳои ҷамъиятии мо, ки дар гузашта зиёд буд, тадриҷан кам шуд".

Маликшоев гуфт, ки баъди боздошти Файзиддин Ҳабибуллоев ӯро дигар надидааст ва эҳтимол аз ҳуқуқи ӯ дар додгоҳ вакили давлатӣ ҳимоят кунад. Ба иттилои Маликшоев, дар гузаштаҳо дар сӯҳбатҳои ҳузурӣ Ҳабибуллоев гоҳо аз вуҷуди мушкил дар муносибат бо хушдомани русаш шикоят мекард ва мегйт, ки даъвоҳо асосан бар пояи ихтилофҳои динӣ сар мезаданд.

Ба гуфтаи Маликшоев, дар вилояти Иркутск, ки як бахше аз минтақаи сарди Сибир аст, "90 дарсади муҳоҷирони тоҷик бо омодагӣ меоянд, медонанд, ки дар куҷо кору зиндагӣ хоҳанд кард ва шояд танҳо 10 дарсадашон онҳое бошанд, ки ноогоҳона меоянд".

Муриват Маликшоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск
Муриват Маликшоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск

​Ӯ гуфт, хатари тундрав шудани муҳоҷирони тоҷик дар ин минтақа чандон баланд нест ва шояд дарсади ками ҷавонҳое бошад, ки тавассути интернет ва дар сӯҳбатҳои ҳамдигарӣ мавзӯъҳои мазҳабиро баррасӣ мекунанд. Ӯ гуфт, аз назари таҳаммулпазирии ҷомеаи маҳаллӣ нисбати муҳоҷирони хориҷӣ ҳам вазъ беҳтар назар ба қаламравҳои марказии Русия аст ва мушкили ҷиддие дар ин замина вуҷуд надорад.

Дар ҳоле, ки мурофиаи Файзиддин Ҳабибуллоев дар Иркутск идома дорад, хонаводаи ӯ 8 бародару хоҳар ва модараш дар Тоҷикистон ҳеҷ иттилое аз ҷараёни тафтишот надоранд.

Модар аз хонадор шудани писараш дар Русия розӣ буд

Кибриё Самадова, модари Файзиддин дар ноҳияи Данғара мегӯяд, аз писари раҳдураш то моҳи марти соли ҷорӣ танҳо хабарҳои хуш мешунид, гоҳо аз ӯ кӯмакҳои пулӣ дарёфт мекард ва аз оиладор шуданаш дар Русия шоду розӣ буд.

Ин зан мегӯяд, ҳеҷ гоҳ нашунидааст, ки писараш мушкиле дошт ё аз чизе норозӣ буд ва ҳоло танҳо ҳаминро мехоҳад, ки қазияи ӯ одилона баррасӣ шавад, то ки тӯҳмат нашавад ва ҳуқуқашро риоя кунанд.

Ба ин савол, ки то куҷо писараш дар масъалаҳои динӣ ҳассоият дошт, гуфт, "мисли ҳама дигарҳо намоз мехонд, вале ба касеву чизи дигар кор надошт". Модар гуфт, писараш тасмими сафар ва кор дар Русияро баъди он гирифт, ки мактабро хатм кард, вале натавонист ба Академияи милиса дохил шавад.

Хонавода бовар надоранд, ки Файзиддин писарашро кушта бошад

Сафарбек Ҳабибуллоев, додари Файзиддин Ҳабилулоев мегӯяд, падари онҳо хеле зуд даргузашт ва дар бисёр ҳолатҳо бачаҳо бо кӯмаки бародараш зиндагӣ мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, бори охир бародараш ҳамроҳ бо Абӯбакри яксола тобистони соли гузашта ба Тоҷикистон омад, дар хонаи падар яксолагии кӯдакро ҷашн гирифтанд ва аз он шод буданд, ки дар Русия зиндагии осудаву хубе дорад.

Сафарбек Ҳабибуллоев гуфт, наметавонад бигӯяд, ки бародараш дар зиндагии хонаводагиаш мушкил дошт, зеро аз зангҳои телефониву тамосҳои видеоӣ ҳамеша чунин бардошт мешуд, ки муносибати бародару ҳамсари русаш хуб аст. "Ӯ писарашро бисёр бисёр дӯст медошт ва мо бовар надорем, ки ӯ ба зану писараш машкук буд ва огоҳона ҷони кӯдакро гирифт".

Сафарбек мегӯяд, бародараш баъди боздошт дигар ҳеҷ гоҳ бо онҳо дар тамос нашуд ва онҳо ҳам охирин хабарҳоро дар бораи парвандаи ӯ танҳо аз интернет дарёфт мекунанд. Дар чунин ҳолат танҳо умеди хонавода ин аст, ки баъди содир шудани ҳукм Файзиддин Ҳабибуллоев мақомот дар интиқоли ӯ ба як зиндони Тоҷикистон мусоидат кунанд, то модар ва бародарон тавонанд аз ҳоли ӯ дар маҳбас бохабар шаванд.

Тафовутҳои фарҳангӣ боиси ҷанҷолҳо мешавад

Бархе ҷомеашиносон дар Русия мегӯянд, мавзӯи рашку гумон дар никоҳи намояндагони миллатҳои мухталиф - яке аз онҳо русу дигараш хориҷӣ аст, ҳодисаи нав нест. Гоҳҳо тафовути фарҳангӣ дар зеҳнияти ҳамсарони рус, ки нисбатан озодандешанд, боиси норизоияти ҳамсарони муҳоҷирашон мешавад.

Дар чунин ҳолат машварат ин аст, ки пеш аз издивоҷ тафовутҳои вижаи фарҳангиро бояд б эътибор бигиранд, то тавонанд оилаҳои пойдору солим ва бар асососи эътимод ба ҳамдигар бунёд кунанд.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо мегӯяд, ки дар зиндонҳои Русия аз беш аз 29 ҳазор маҳбуси хориҷӣ, 8 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Шумори зиёди онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои сангин маҳкум шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG