Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар ҷашни арӯсии вазири хориҷии Австрия иштирок мекунад


Президенти Русия Владимир Путин дар тӯйи арӯсии вазири умури хориҷии Австрия Карин Кнайсл иштирок хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе нахуст расонаҳо ва баъдан сухангӯи президент Дмитрий Песков иттилоъ доданд. Песков гуфт, Путин дар роҳ ба Берлин аз Австрия низ боздид хоҳад кард. Дар Берлин ӯ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Карин Кнайсл бо соҳибкор Волфганг Майлингер издивоҷ мекунад. Кнайсл аз ҳисоби Ҳизби озодӣ, ки бо Ҳизби мардумии садри аъзам Себастян Куртс эътилофи ҳокимро ташкил медиҳад, вазири умури хориҷии Австрия шудааст. Ҳизби озодӣ бо русиягароии худ машҳур буда, ҳатто бо ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Кнайсл ибтидои соли равон дар суҳбат бо нашрияи австриягии Kurier гуфт, таҳримҳое, ки баъд аз ишғоли Қрим ва оғози низоъ дар шарқи Украина зидди Русия эълом шуданд, корсоз набуданд.

Ба иттилои расонаҳо, тадобири амниятӣ дар тӯйи арӯсии Кнайсл ба далели иштироки Путин пурзӯр хоҳад шуд. Маросими ақди никоҳ рӯзи шанбе баргузор мешавад.

Путин бори охир ибтидои моҳи июни соли равон аз Австрия боздид карда буд. Ин нахустин сафари хориҷии ӯ баъд аз президент интихоб шуданаш буд.

XS
SM
MD
LG