Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суол ба мансабдорони Эрон: Фарзандонатон куҷост?


Вакилони порлумони Эрон зимни баҳс.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Эрон маъракаи густурдаеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ андохтаанд ва мехоҳанд, мақомот собит намоянд, ки фарзандонашон имтиёз надоранд ва аз тариқи воситабозӣ ба мақомҳои баланд намерасанд.

Маърака зери номи “Фарзандонатон куҷост” аз ҷумла дар Твиттер баъди он шурӯъ шуд, ки гузоришҳо расид, ки фарзандони бетаҷрибаи сиёсатмадорон ба мақомҳои баланд таъйин мешаванд ва зиндагии “шоҳонае” доранд. Ва ин ҳам дар замоне, ки бисёре аз эрониёни оддӣ ба сабаби беқурбшавии пули миллӣ ва мушкилоти зиёд доранд ва ба сахтӣ рӯз мегузаронанд.

https://twitter.com/KianSharifi/status/1028657994857414656

Маҳз мушкилоти иқтисодӣ, қиматҳои гарон ва фасодкорӣ сабаб шуд, ки аввали ҳамин моҳ мардум дар даҳҳо шаҳри Эрон ба хиёбонҳо баромада ва ба зидди раҳбарони кишвар эътироз кунанд. Яке аз корбарони Твиттер навиштааст, “Маъракаи фарзандатон куҷост, на ба ин маъност, ки бубинем, фарзанди шумо дар Амрико аст ва ё Эрон, балки фарзанди шумо ҳаммоннади дигар табақот зиндагӣ мекунад?. Аз талоши худаш мехӯрад, ё сармояи мо.”

https://twitter.com/kal_balochi/status/1028595685099298816

Бисёре аз мақомоти Эрон, ки ба ин маърака вокуниш кардаанд, гуфтаанд, ки фарзандонашон дар ниҳодҳои давлатӣ кор намекунанд. Баъзе аз онҳо навиштаанд, ки фарзандонашон, ё бекоранд, ё худашон шуғле доранд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, гуфтааст, ки духтару писараш дар ниҳодҳои давлатӣ кор намекунанд.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, гуфтааст, ки духтару писараш дар ниҳодҳои давлатӣ кор намекунанд.

Аз ҷумлаи мақомоти посухдода, Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон аст, ки Донишгоҳи Денвери Амрикоро хатм карда ва чанд сол дар Ню Йорк зиндагӣ ва ба ҳайси намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид кор Иёлоти Муттаҳида кор кардааст.

Матбуоти Эрон аз қавли Муҳаммад Ҷавод Зариф навиштааст, ки духтару писараш дар Теҳрон бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд.

“Худоро шукр, ки бо хатми маъмурияти ман дар Созмони Милал фарзандонам донишгоҳро хатм карданд ва 6 сол боз аст, ки дар Эрон ҳастанд”- гуфтааст, Ҷавод Зариф.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Эрон фарзандаш мушовири бозаргонӣ аст ва духтараш, ки шуғли ороиши хонаро дорад, аксаран вақташро бо тарбияи фарзандонаш сипарӣ мекунад. Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфтааст, ки духтараш гоҳ-гоҳе ба дӯстону аъзои хонавода дар ороиши хона кӯмак мерасонад.

Шоҳиндухт Мулловердӣ, дастёри хоси раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ дар умури ҳуқуқи маданӣ дар Твиттер навишт, ки ду духтараш донишгоҳҳои Теҳронро хатм кардаанд. Яке аз онҳо ба гуфтаи Мулловердӣ, кори доимӣ надорад ва ба тарҷумонӣ машғул аст ва дуввумӣ сохтани ҷавоҳиротро меомӯзад.

https://twitter.com/mowlaverdi/status/1028918894981996545

Тазоҳуроти мардум ба зидди ҳукумат дар Эрон дар чандин шаҳр баргузор шуд.
Тазоҳуроти мардум ба зидди ҳукумат дар Эрон дар чандин шаҳр баргузор шуд.

Аммо зоҳиран корбарон чандон ба гуфтаҳои мақомдорон бовар накардаанд, ки бо киноя ба онҳо посух медиҳанд. “Бо ин шароити коре, ки фарзандони мудирони мамлакат доранд, ба назарам маъракаи “Фарзандатон куҷост”- ро муттавақиф кунем ва маъракаи корёбӣ барои фарзандони масъулинро оғоз намоем” – навиштааст, Ҳония Ифтихорӣ, яке аз корбарони Твиттер.

https://twitter.com/haniyeh1983/status/1029299806894731265

Мақомоти Эрон дар чанд рӯзи гузашта мубориза ба зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ, фасодкорӣ ва тамаъҷӯиро сахттар кардаанд. Шасту ҳафт нафар боздошт шудаанд ва барои муҳокимаи афроди мутаҳҳам ба фасодкорӣ, додгоҳҳои махсуси инқилобӣ таъсис додаанд.

Пешниҳод барои таъсиси додгоҳҳоро ҳафтаи гузашта Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон тасвиб кард ва гуфт, онҳое, ки ба ришвахориву фасод даст мезананд, “бояд зуд ва одилона” муҳокима шаванд.

Масъалаи таъйини фарзандон ба мақомҳои баланд дар Тоҷикистон ҳам гоҳ-гоҳе рӯ мезанад ва мисолҳои зиёде ҳам вуҷуд дорад. Масалан писари Нусратулло Абдуллоев, раиси собиқи Додгоҳи олии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев, раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд таъйин шудааст. Фарзанди Исмонқул Билолов, раиси собиқи Оҷонсии “Тоҷикстандарт” вазифаи раҳбари Департаменти муносибатҳои байналмиллалии Бонки миллиро бар ӯҳда дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG