Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп буҷаи мудофиаи ИМА-ро дар ҳаҷм $717 миллиарди имзо кард


Президент Доналд Трамп ҳангоми назорат бар тамрини нерӯҳои ҳавоӣ
Президент Доналд Трамп ҳангоми назорат бар тамрини нерӯҳои ҳавоӣ

Президенти Амрико Доналд Трамп буҷаи мудофиаи ИМА-ро дар ҳаҷми $ 717 миллиард имзо кард. Маросими имзои буҷа дар ҳудуди дивизияи 10-уми тирандозии кӯҳӣ, дар аёлати Ню Йорк баргузор шуд.

Барои мубориза бо терроризм, ки то ин охирҳо аз бартариҳои Пентагон номбар мешуд, аз даҳ як ҳисаи буҷа - 69 миллиард ихтисос ёфт. $22 миллард барои навосозии таслиҳоти ҳастаӣ ва $7,6 миллиард барои харидории 77 ҳавопаймои ҷангии F-35 сарф хоҳад шуд.

Буҷаи нави Пентагон маҳдудияти ҳамкории ИМА бо Русияро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, тамосҳо дар заминаи Созишномаи осмони боз, то замоне, ки Русия иҷро шудани ҳамаи шартҳоро собит кунад, қатъ мешавад.

Дар буҷаи нави низомӣ ҳамчунин тахсиси маблағ барои амалҳое, ки ҳақи Русия бар Қримро тавҷеҳ мекунад, манъ шудааст. Санад афзоиши кӯмаки низомӣ ба Украина ва шарикони НАТО барои муқовимат бо "таҷовузи Русия ба Аврупо"-ро пешбинӣ мекунад.

Буҷа ба ифтихори Ҷон Маккейн сенатори ҷумҳурихоҳ ва ветерани ҷанги Ветнам номгузорӣ шуд, ки ба бемории саратон гирифтор аст. Маккейн ва Трамп ҳарифони сиёсӣ ҳисоб мешаванд ва Трамп дар ҷарёни муаррифии буҷаи нав боре ҳам исми Маккейнро ба забон наовард.

XS
SM
MD
LG