Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лӯбиёи беш аз якметрӣ дар Файзобод. ВИДЕО


Дар хонаи як сокини ноҳияи Файзобод лӯбиёе рустааст, ки ба гуфтаи худаш, метавон онро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид кард.

Фирӯзи Хайруллозод, сокини кӯчаи Чинаӣ аз ин ноҳия видеоеро ба мо фиристод, ки нишон медиҳад, як буттаи лӯбиёи печида ба ниҳоли сурхмағз (рустание, ки дар ғизо истифода мешавад), ҳосили фаровоне додааст ва бисёре аз ғилофакҳои он ғайримуқаррарӣ дароз ҳастанд.

Фирӯз Хайруллозод мегӯяд, дар полези ҳавлиаш барои истеъмоли худӣ, сабзавоти гуногун кишт мекунанд ва бори аввал аст, ки шоҳиди рӯидани як навъи лӯбиёи ғайримуқаррарӣ шудааст.

Фирӯз дар ин видео яке аз ғилофакҳоро ҳам чен мекунад ва нишон медиҳад, ки дарозии он ғилофак 1 метру 3 сантиметр аст. Фирӯзи Хайруллозод рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, лӯбиёи кишткардааш, аз лӯбиёҳои сурхи маҳаллист.

"Лӯбиёи маъмулӣ аст, деҳқонии худамон. Кишт кардем, фақат дар байни онҳо як ниҳолаш чунин лӯбиёҳои дароз бастааст. Дар тани ниҳоли сурхмағз печида, ғайриоддӣ шудааст. Донаҳояш калон нест", - гуфт, Фирӯзи Хайруллозод.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, баъди бори аввал дидани лӯбиёи ғайримуқаррарӣ дар полези ҳавлиаш, дар Интернет ҷустуҷӯ кард, ки лӯбиё метавонад, беш аз як метр дароз шавад, аммо ҳеҷ иттилое наёфт.

Аммо дар Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустанӣ дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мумкин аст, лӯбиёи ғайримуқаррарӣ дар ҳавлии Фирӯзи Хайруллозод, аз навъи лӯбиёи дарози чинӣ бошад, ки он то 70 сантиметр дароз мешавад.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Лӯбиёи бештар аз 1 метрӣ дар Файзобод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:28 0:00

Аммо худи Фирӯзи Хайруллозод мегӯяд, тухмиашро аз ҷое нахаридааст. "Тухмиро нахаридаем. Ростӣ, пиразану пирамардҳои кӯча ва деҳқононро даъват карда, нишон додам. Гуфтанд, ки то кунун ин навъи лӯбиёро надида будем", - афзуд ӯ.

Сокини кӯчаи Чинаӣ дар Файзобод мегӯяд, дар полези ҳавлиаш барои истеъмоли худӣ, сабзавоти гуногун ба мисли помидору бодиринг, картошкаву карам кишт мекунанд ва бори аввал аст, ки шоҳиди рӯидани як навъ лӯбиёи ғайримуқаррарӣ шудааст.

Дар Тоҷикистон чанд навъи лӯбиё парвариш мешавад ва дар байни мардум бештар лӯбиёи сафед ва лӯбиёи сурх маъмул аст. Баъзе аз навъи ин рустанӣ зуд мерасад ва деҳқонон аз он дар як сол ду бор ҳосил мегиранд.

XS
SM
MD
LG