Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мошин дар Лондон ба бинои порлумон зарба зад


Пулис дар беруни бинои порлумони Британия. 14-уми августи соли 2018
Пулис дар беруни бинои порлумони Британия. 14-уми августи соли 2018

Як шахси номаълум бо мошинаш ба девори порлумони Британия ҳамла кард. Ронанда боздошт шудааст.

Шабакаи телевизионии Би-би-сӣ аз захмӣ шудани баъзе роҳгузарон хабар медиҳад Теъдоди осебдидаҳо то ҳол маълум нест.

Соли гузашта дар Лондон бо истифода аз мошин ду ҳамла анҷом шуд. Як ҷинояткор гурӯҳи одамонро дар пули Верминстерский пахш кард ва ходими пулисро бо корд ба ҳалокат расонд.

Баъдан як мошини боркаш дар пули Лондон роҳгузаронро пахш ва сипас се мусофири он бо корд ба одамон ҳамла кард. Дар натиҷа 12 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуд.

Масъулияти ҳарду ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG