Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон гуфт, ки чаро матни Конвенсияи баҳри Хазарро нашр накард


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон сабаби то ба ҳол дар расонаҳои расмӣ нашр нашудани матни Конвенсияи мақоми ҳуқуқии баҳри Хазар (Каспий)-ро, ки 12 август дар шаҳри Актау имзо шуд, шарҳ дод.

Намояндаи вазорат Ойбек Смадияров гуфт, "мо наметавонем санадеро нашр кунем, ки ба иҷро надаромадааст. Созишнома баъд аз тасвиб шудани он дар порлумони Қазоқистон ва кишварҳои иштирокдор ба иҷро медарояд. Ин чиз дар қонуни созишномаҳои байналмилалии Қазоқистон пешбинӣ шудааст. Баъд аз тасвиб нашр хоҳем кард".

Кремл 13 август матни Конвенсияи мақоми ҳуқуқии баҳри Хазарро нашр кард.

Ин созишномаро 12 август раҳбарони панҷ кишвар - Қазоқистон, Русия, Туркманистон, Эрон ва Озарбойҷон имзо карданд. Бар асоси ҳуҷҷати имзошуда, майдони асосии болои баҳр ба истифодаи умум қарор мегирад. Умқи баҳрро кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ байни ҳам тақсим мекунанд. Ба ҷуз ин, ҳуҷҷати имзошуда ҳузури нерӯҳои низомии кишварҳоеро дар баҳр манъ мекунад, ки ба минтақаи Хазар наздикӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG