Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳнавардонро ба Душанбе интиқол доданд. 2 ВИДЕО


Як чархболи ҳомили ҳадди 15 кӯҳнавард дар поёни пиряхи Фортамбек дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли собиқ) ба садама дучор шудааст. Сафорати Русия мегӯяд, 13 нафари онҳо шаҳрванди Русия мебошанд.

Дар садамаи чархболи ҳомили кӯҳнавардони хориҷӣ дар шарқи Тоҷикистон, панҷ нафар ба ҳалокат расидаанд. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон душанбеи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса ду сарнишини чархбол ва се кӯҳнавард ҷон бохтанд. Санҷиши ҳодисаро додситонии кулли Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст.

Кӯҳнавардонро ба Душанбе интиқол доданд

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, қурбониёни ин ҳодиса кӯҳнавардони рус Тимур Барабанов, Руслан Тараканов, Александр Абросимов ва сарнишинони чархбол шаҳрвандони Тоҷикистон Музаффар Файзуллоев ва Саидҷон Қобилов мебошанд.

Ба иттилои Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ҳамаи кӯҳнавардони осебдида дар ҳодисаи рӯзи 12 август бо чархбол ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд. Ба иттилои ӯ, онҳоро дар фурудгоҳ мошинҳои ёрии таъҷилӣ пешвоз гирифта ҳама - осебдидаҳо ва ҳам ҷасадҳоро ба бемористони "Истиқлол" бурданд. Дар миёни онҳо инчунин муҳандиси фаннии чархбол подполковник Бобоназар Ҷалилов ҳам мебошад, ки дар нишасти дурушти чархбол маҷрӯҳ шудааст.

Ӯ гуфт, ки бархе осебдидаҳоро бо замбарҳои тиббӣ ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ интиқол дода, дигарҳо бо пои худ ва "бархе калавида" роҳ мерафтанд.

Кӯҳнавардони осебдида дар бемористони "Истиқлол" бистарӣ шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:52 0:00

Панҷ нафар ҷон дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳар се кӯҳнаварди ҷонбохта дар ин ҳодиса, шаҳрвандони Русия мебошанд. Ду сарнашини чархбол, ки ба ҳалокат расиданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Ба гуфтаи мақомот, чархбол бинобар шамоли сахт ва ҳавои тира, ба садама дучор шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, қурбониёни ин ҳодиса кӯҳнавардони рус Тимур Барабанов, Руслан Тараканов, Александр Абросимов ва сарнишинони чархбол шаҳрвандони Тоҷикистон Музаффар Файзуллоев ва Саидҷон Қобилов мебошанд. Қаблан дар Федератсияи алпинизми Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Барабанов (сокини Воронеж) ва Абросимов (сокини Нижний Новгород) ба ҳайси мураббӣ ё инструктор дар ин ҳайат қарор доштанд, кӯҳнавардони ботаҷриба буданд.

Музаффар Файзуллоев, пилоти 71-сола дар ҳодисаи рӯзи 12 август ба ҳалокат расид. Акс аз саҳифаи Фейсбуки Собир Собиров
Музаффар Файзуллоев, пилоти 71-сола дар ҳодисаи рӯзи 12 август ба ҳалокат расид. Акс аз саҳифаи Фейсбуки Собир Собиров

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ки 12 кӯҳнавард ва як сарнишини чархбол, ки ҷароҳатҳо бардоштаанд, ҳамакнун зери назорати пизишкон қарор доранд.

Барқияи президенти Тоҷикистон ба унвонии Путин

Вебсайти президенти Тоҷикистон бо пахши хабаре дар робита бо ҳалокати се кӯҳнаварди рус дар ин кишвар ба президенти Русия ва ҳам наздикони қурбониҳо изҳори тасаллият кард. Дар матни барқия, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки марги ин нафарон дар натиҷаи нишасти дурушти чархбол дар як макони кӯҳии Тоҷикистон рух дод. Вай гуфт, ки комиссиюни ҳукуматӣ сабабҳои рух додани ин фоҷеаро таҳқиқ мекунад.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳам рӯзи 13-уми август бо нашри як хабарнома гуфт, чархболе, ки дар пиряхи Фортанбек ба садама дучор шуд, ҳомили 15 кӯҳнавард ва се сарнишин буд. Ба иттилои сафорати Русия, 13 тан аз ин кӯҳнавардон шаҳрвандони Русия ва як нафарӣ аз Белорус ва Испания мебошанд.

Ҳалокати се кӯҳнавард ва ду сарнишини чархбол дар шарқи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:22 0:00

Як масъули сафорати Русия дар Тоҷикистон қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки феълан исми кӯҳнавардони дар ин ҳодиса фавтида барои онҳо низ маълум нест, ин маълумот мушаххас мешавад. "Ба телефони сафорат аз Русия хешовандону наздикони зиёди кӯҳнавардони рус занг мезананд, телефон хомӯш намешавад. Вале мо танҳо баъди мушаххас кардани исми кушташудаҳо хабари расмӣ нашр мекунем", гуфт дипломати рус.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ҳамаи кӯҳнавардон ва 3 сарнишини чархболе, ки рӯзи гузашта дар поёноби пиряхи Фортабек дар ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шуд ва "сахт ба замин" нишаст, зинда ҳастанд. Мақомоти маҳаллӣ дар Лахш мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шаш нафар -- 5 кӯҳнавард ва як узви ҳайати парвоз ба бемористони ноҳияи Лахш интиқол дода шуданд.

Тамос барқарор шуд

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки субҳи душанбе бо ин кӯҳнавардон барқарор шуда ва се чархболи наҷотдиҳандаҳо ба кӯмаки онҳо шитофтанд.

Ин чархболи ҳомили кӯҳнавардон рӯзи гузашта ҳини бозгашт дар поёноби пиряхи Фортамбек дар ҳудуди ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешин), ба мушкили парвоз рӯбарӯ шуд.

Умеда Юсупова
Умеда Юсупова

​Бино ба хабарҳои аввалия, чархболи МИ-8 соати тақрибан 16:30 дақиқаи рӯзи якшанбеи 12-уми август замоне ба садама дучор шуд, ки кӯҳнавардонро баъди расидан ба қуллаи Исмоили Сомонӣ, ба қароргоҳашон бармегардонд. Қуллаи Исмоили Сомонӣ (Коммунизми собиқ), 7495 метр баландӣ дорад.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар пайи нашри хабари садамаи чархбол ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳисоби раҳбарияти ин ниҳод, Вазорати умури дохилӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ситоди муштарак ташкил шуда, ҷараёни наҷоти кӯҳнавардонро шахсан президент Эмомалӣ Раҳмон назорат мекунад.

Инҳо узви гурӯҳи 150-нафара буданд

Хуршед Икромов, раиси дастгоҳи ноҳияи Лахш рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ноҳия ситоди фаврии наҷоти кӯҳнавардон таъсис ёфтааст. Ӯ гуфт, инҳо узви гурӯҳи 150-нафараи сайёҳоне буданд, ки озими фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ шуда буданд. "Инҳо аз Русия, Белорусия, Фаронса ва Испания буданд. Ҳоло шахсияти инҳо маълум мешавад", - афзуд вай.

Оҷонсии хабарии Mash тавассути Telegram-канали худ гуфт, ки дар миёни кӯнавардон 11 нафар шаҳрванди Русия, як нафар аз Белорус ва як шаҳрванди Испания мебошанд. Исми онҳоро ҳам ин вебсайт нашр кардааст ва бар асоси ин маълумот, онҳо 32 то 66-сола мебошанд:

1. Дубина Виктор, 1952

2. Барабанов Тимур, 1986

3. Абросимов Александр, 1971

4. Шихов Николай, 1958

5. Миронов Сергей, 1964

6. Андрей Родыген, 1980

7. Сергей Матвеев, 1977

8. Руслан Тараканов, 1976,

9. Соболенко Александр, 1970

10. Дмитрий Кумшаев, 1964

11. Горбатюк Татьяна, 1969

12. Труш Вячеслав, 1974

13. Роберто Родриго, 1969

14. Шубин Павел, 1965

15. Фейгина Юлия, 1976

Тасдиқи дурустии исму синну соли кӯҳнавардон тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.

28 дақиқа парвоз

Хуршед Икромов, раиси дастгоҳи ноҳияи Лахш мегӯяд, аз маркази ин ноҳия то пиряхи Фортабек тариқи чархбол дар фосилаи 28 дақиқа имкони парвоз вуҷуд дорад. Ӯ гуфт, Фортабек як қароргоё ё пойгоҳи аслии омодагӣ барои фатҳи қуллаи баланди Исмоили Сомонӣ истифода мешавад.

“Дар ин ҷо макони буду бош барои кӯҳнавардон вуҷуд дорад. Ин ҷо маконест, ки сайёҳон барои баромадан ба баландтарин қулъа дар Тоҷикистон, қулъаи Исмоили Сомонӣ омодагӣ мегиранд. Вобаста ба боду ҳаво чанд хатсайр аз лахш то он ҷо вуҷуд дорад ва масофаи ҳар кадоме фарқ мекунад”.

Ба гуфтаи Абдукарим Қурбонов, мутахассиси пешбари Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар атрофи қуллаи Исмоили Сомонӣ наздик ба 150 кӯҳнавард қарор доранд, ки ният доранд ба баландии 7494 метр бароянд. Ба гуфтаи вай, мавсими фатҳи қуллаҳои баланди Тоҷикистон, аз нимаи дувуми моҳи июн то нимаи аввали моҳи август идома меёбад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG