Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чӯпони 19-солаи тоҷик – аз тири дайду ё барқасдона?


Як сокини ҷавони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо зарби тир кушта шудааст.

Манобеъ дар ҳукумати ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо шарти ифшо нашудани ном гуфтанд, ҳодиса пас аз зуҳри 11-уми август дар дараи Яғноб рух дод.

Ба қавли манобеъ, «Абдураҳмони 19-сола, ки ба чӯпонӣ машғул буд, дар аснои кор аз тири силоҳ кушта шуд». Мақомот ҷасади Абдураҳмонро барои колбадшикофӣ ба ноҳияи Айнӣ бурдаанд.

Ҳамсуҳбати мо дар ҳукумати Куҳистони Мастчоҳ гуфт, тибқи фарзияи пешакӣ Абдураҳмон аз зарби тири як шикорчӣ кушта шудааст.

Ин масъули ҳукумати Куҳистони Мастчоҳ афзуд, мақомот гумонбарро боздошт кардаанд ва таҳқиқи қазия шуруъ шудааст. Аз ҷумла, мақомот бояд дақиқ кунад, ки куштори ин чӯпон аз беэҳтиётӣ буда ё барқасдона сурат гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG