Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавод Зариф: “Ҳеҷ мулоқоте бо амрикоиҳо дар нақша нест”


Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, гуфт, ки бо мақомоти амрикоӣ, аз ҷумла вазири корҳои хориҷии он кишвар ҳеҷ мулоқоте барномарезӣ нашудааст.

Дар посух ба суоли хабаргузории нимарасмии “Тасним” дар мавриди эҳтимоли мулоқот бо мақомоти амрикоӣ дар ҳошияи Ассамблеяи умумии Созмони Милал, Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, “чунин мулоқот дар нақша нест”.

Рӯзи шашуми август, чанд соат қабл аз дубора ҷорӣ шудани таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон, Ҳасани Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон – дархости гуфтугӯҳои бидуни пешшарти Амрикоро рад кард.

Хабаргузории нимарасмии “Тасним” аз Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, нақли қавл кардааст, ки гуфтааст, “дар мавриди пешниҳоди ахири Доналд Трамп мавқеи расмии мо тавассути раиси ҷумҳур Рӯҳонӣ ва ман эълон шудааст. Амрикоиҳо содиқ нестанд.”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи майи имсол хориҷ шудани кишварашро аз созиши атомии соли 2015-и қудратҳои бузурги ҷаҳон бо Эрон эълон кард. Ӯ ваъда дода буд, ки таҳримҳоро дубора бар Теҳрон ҷорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG