Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илҳом Алиев: "Назари Тоҷикистон дар масъалаи Қарабоғ одилона аст"


Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев, Боку

Раҳбарияти Тоҷикистон хостааст, ки низои Боку ва Ереван бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ бо "риоя ва таъмини тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудудҳои эътирофшудаи Озарбойҷон" ҳал карда шавад. Озарбойҷону Арманистон солҳо боз бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ бо ҳам душманӣ доранд.

  • Минтақаи ғолибан арманитабори Қаробоғи Кӯҳӣ дар қаламрави Озарбойҷон ҷой гирифта, дар оғози солҳои 1990 шоҳиди даргириҳои хунин буд, ки бар асари он ҳудуди 30 ҳазор нафар кушта шуд. Дар пайи таъсиси, ба истилоҳ, хатти оташбас аз соли 1994 ба ин тараф дар марзи миёни Қаробоғи Кӯҳиву Арманистон пайваста задухӯрду тирандозӣ сурат мегирад ва то ҳол дар баҳси миёни ду ҳамсоя нуқта гузошта нашудааст.
Тоҷикистон аз як тараф бо Озарбойҷон риштаи хуби дӯстӣ дорад ва, аз тарафи дигар, бо Арманистон дар ҳайати созмони Паймони Амнияти Дастҷамъист.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, аз мавқеи раҳбарияти Тоҷикистон дар масъалаи ҳалли низои Қарабоғи Кӯҳӣ ҷонибдорӣ ва ибрози сипос кардааст. Алиев рӯзи 10-уми август ҳангоми натиҷагирӣ аз мулқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Боку гуфт, "дар матни изҳороти Тоҷикистон гуфта мешавад, низоъ бояд бар асоси хулосаи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ва қарори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар доираи тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии Озарбойҷон ба танзим дароварда шавад. Аз номи тамоми халқи Озарбойҷон миннатдории худро барои чунин мавқеи боадолатона баён мекунам. Ин мавқеи дӯстона ва ҳамчунон одилона аст."

Раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар идома гуфт, ҳудудҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи ин кишвар солҳои тӯлонӣ зери тасарруфи Арманистон қарор доранд.

"Арманистон аз иҷрои қатъномаи созмонҳои муътабари байналмилалӣ, ба мисли Шӯрои амнияти Созмони Милал, САҲА, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва порлумони Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ мекунад. Ҳамаи ин созмонҳо дар вақтҳои гуногун қатъномаҳоеро қабул карданд, ки ин низоъ дар доираи тамомияти арзии Озарбойҷон ҳал карда шавад."

Президенти Тоҷикистон рӯзи 9-уми август ба Боку рафт ва дар қасри Загулбаи Озарбойҷон бо Илҳом Алиев мулоқот кард. Дар ин музокирот ба ҷуз масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ, мубориза бо хатарҳову таҳдидҳои муштарак, вазъи Афғонистон ва ҳам дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шудааст.

  • Дар ин мулоқот тарафҳо ҷудоихоҳиро маҳкум карда, ба якдигар ваъда додаанд, фаъолияти созмону гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро, ки бар зидди соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии тарафи дигар равона гардидааст, манъ ва пешгирӣ менамоянд.

Сафари қаблии президент Раҳмон ба Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 сурат гирифта буд.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2014 дар масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ гуфта буд: "Тоҷикистон чун кишваре, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронидааст, мавқеи принсипиалии ҳалли сулҳомези ихтилофотро ҷонибдорӣ менамояд"
Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2014 дар масъалаи Қарабоғи Кӯҳӣ гуфта буд: "Тоҷикистон чун кишваре, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷангро аз сар гузаронидааст, мавқеи принсипиалии ҳалли сулҳомези ихтилофотро ҷонибдорӣ менамояд"

Ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Боку бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ аз 29-уми майи соли 1992 оғоз гардид. Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон аз 23-юми марти соли 2008 фаъолияти худро оғоз кард ва сафорати Озарбойҷон дар Душанбе аз 22-юми сентябри соли 2007 кор мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар равобити Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкориҳои иқтисодӣ авлавият доранд ва дар чаҳорчӯби ин додугирифтҳо бештар дар бахши фулузоти ранга, саноати кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, нақлиёт ва мухобирот сурат мегирад.

Маҳсулоте, ки асосан гардиши молро афзун менамояд, ин молҳои тавлиди корхонаи алюминиюми тоҷик буда, аз тариқи роҳҳои обӣ ва оҳани Озарбойҷон ба кишварҳои Аврупо интиқол мешаванд. Барои истеҳсоли алюминий Тоҷикистон ҳамасола аз заводу ширкатҳои Озарбойҷон дар ҳаҷми муайян ашёи хоми нафтӣ ва масолеҳи дигар мехарад.

Дар ҳоли ҳозир мизони табодули молу колои миёни ду кишвар чандон баланд нест ва соли 2017 - 13 миллион долларро ташкил додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG