Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TUT.BY истифодаи ғайриқонунии обунаи БелТА-ро эътироф кард


Марина Золатова
Марина Золатова

Сармуҳаррири сомонаи белорусии TUT.BY Марина Золотова эътироф кард, ки рӯзноманигорони ӯ аз обунаи пулакии хабаргузории расмии БелТА ғайриқонунӣ истифода мекарданд. Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Белорусия рӯзи гузашта хабар дод.

Муфаттишон ҳамчунин тасмим гирифтанд, шахсони дигарро, ки дар доираи парвандаи БелТА боздошт шуда буданд, озод кунанд. TUT.BY хабар дод, ки сармуҳаррирон аз бинои Кумитаи тафтишотӣ берун мешаванд.

Хабаргузории БелаПАН шаби 9 август хабар дод, ки сармуҳаррири ин пойгоҳ Ирина Левшинаро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Минск бурданд. 9 август ҳамчунин манзили ӯро бозҷӯӣ карданд.

7 август идораи оҷонсии хабарии БелаПАН ва портали мустақили TUT.BY бозҷӯӣ шуданд. Худи ҳамон рӯз чанд рӯзноманигори расонаҳо боздошт ва се рӯз ҳабс шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Белорус амали мақомотро нақзи озодии баён номиданд.

XS
SM
MD
LG