Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон


Рӯзи варзишгарон ҳамасола бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 10-уми август таҷлил мегардад. Бахшида ба иди варзишгарон дар манотиқи мухталифи кишвар мусобиқот дар риштаҳои гуногун баргузор мешавад.

Рӯзи варзишгарон – ин иди мардумӣ ҳамаи онҳоеро, ки дӯстдорони варзишанд, новобаста ба синну сол ва касбашон муттаҳид месозад, ин иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, ҳамаи кормандони соҳа, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд, муаррифгар ва парчамбардори кишваранд. Дар ҳамин ҳол 80 варзишгари тоҷик оид ба 15 намуди варзиш дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

Дар байни онҳо варзишгарони маъруфи тоҷик, монанди гурзандоз Дилшод Назаров, гуштигирон Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯзи Хоҷазода, Искандари Рустам, каратэчӣ Гулосори Суҳроб, қаиқрон Шаҳриёр Даминов, муштзанҳо Асрор Воҳидов ва Шоира Зулқайнарова, таэквондочӣ Фарҳод Неъматов ва дигарон ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG