Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили "Агора" интиқоли Сентсов ба бемористони Қиримро дархост кард


Олег Сентсов
Олег Сентсов

Наташа Добрева -вакили созмони байналмилалии ҳуқуқи башари "Агора" аз ваколатдори Русия дар назди Додгоҳи Аврпуо оиди ҳуқуқи инсон Михайил Галперин хоҳиш кард, ки коргардони Украина Олег Сентсовро ба бемористони мулкии Қрим интиқол диҳанд.

Қаблан Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи башар қарор кард, Сентсовро, ки 88 рӯз боз дар маҳбасти Русия гуруснанишинӣ эълон кардааст, ба бемористони наздик ба макони зисти хонаводаи ӯ фиристанд.

Добрева дар номаааш, ки онро телеграм-канали раҳбари "Агора" нашр кард, хоҳиш кардааст, ки то анҷоми гуруснанишинӣ "интиқоли беосеб"-и Сентсворо ба беморстони Симферопол таъмин кунанд. Рӯзи чоршанбе Наталя Каплан, хоҳари Сентсов гуфт, ки вазъи бародараш вахим шудааст.

Русия коргардони украинӣ Олег Сентсворо бо иттиҳоми "таҳияи амали террористӣ дар Қрими ишғолшуда", ба муҳлати 20 сол зиндонӣ кард. Сентсов гуноҳро рад мекунад.14 май коргардон бо талаби озод кардани ҳамаи зиндониёни сиёии украинӣ аз маҳбасҳои Русия даст ба гуруснанишинӣ зад.

XS
SM
MD
LG