Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими гусели варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои Осиё-2018


Дар Кумитаи олимпии Тоҷикистон маросими гусели варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи Осиё, доир шудааст. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин маросим рӯзи 9-уми август бо ширкати муовинони раиси ин ниҳод Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода ва варзишгарону мураббиёне, ки ба Бозиҳои Осиё-2018 ба Индонезия мераванд, сурат гирифтааст. Раҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад.

Дар Бозиҳои Осиё-2018 80 нафар аз варзишгарони Тоҷикистон дар 15 намуди варзиш иштирок мекунанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи футболи кишвар дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар ин бозиҳо иштирок мекунанд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиё иштирок мекунад ва варзишгарони тоҷик сазовори 21 медал, аз ҷумла 4 медали тилло гардидаанд.

Видеоҳои охирин

Путин куштори Керчро ҷиноят номид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG