Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар марзи Қирғизистону Қазоқистонро 650 нафар хомӯш мекунад


Чарогоҳе дар Таласи Қирғизистон
Чарогоҳе дар Таласи Қирғизистон

Сӯхтори чарогоҳи Алмалуу дар вилояти Таласи Қирғизистон то ба марзи Қазоқистон расид. Бо алангаи оташ аз ҷониби Қирғизистон 500 нафар ва аз ҷониби Қазоқистон ҳудуди 150 кас мубориза мебаранд.

Ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, Қазоқистон ба барои хомӯшсозии сӯхтор як чархболро низ сафарбар кардааст. Бино ба иттилои ахир, масоҳати сӯхтор дар ҳудуди Қирғизистон қариб ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Дар чарогоҳи Алмалуу дар ноҳияи Манаси вилояти Талас аз шаби 5 август ба ин сӯ сӯхтор идома дорад. Сӯхтор дар деҳаи "Лагер"-и Қирғизистон, ҳаммарз бо Қазоқистон ба амал омад.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, дар чарогоҳи мазкур сӯхтор ҳанӯз 28 июл оғоз шуд ва 4 август тавонистанд онро хомӯш кунанд. Вале 5 август оташсӯзӣ дар масоҳати тақрибан 2 ҳазор гектар дубора сар зад.

Барои хомӯшсозии алангаи оташ тамоми кормандони оташнишонии навоҳии Талас сафарбар шудаанд. Дар ноҳияи Манас аз 1 август ҳолати изтирорӣ эълон шуд.

XS
SM
MD
LG