Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳкорони хушунат дар ятимхонаи Узбекистон зиндонӣ шуданд


Хушунат алайҳи кӯдак - акси тасвирӣ

Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон ҳукми мудири пешин ва кормандони ятимхонаи рақами 1-ро дар шаҳри Марғелон эълон кард.

Онҳо дар дуздии маблағҳои давлатӣ ва созмонҳои хориҷӣ, хушунати ҷисмонӣ ва ҷинсии тарбиятгирандагон айбдор мешуданд. Муҳокимаи парвандаи онҳо 7 август ҷамъбаст шуд.

Камол Яқубов, мудири пешин ва муовини вай Собирҷон Усмонов аз рӯи се банди қонуни ҷиноии Узбекистон - "хунукназарӣ", "дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "маҷбурсозии занон ба исқоти ҳамл" айбдор ва чаҳорсолӣ зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳашт корманди дигари ятимхонаро аз 3 то 3,6 сол зиндонӣ кард.

Гуфта мешавад, ки мураббиён ва парасторон тарбиятгирандагони аз 3 то 7-соларо ба таври мунтазам латтукӯб мекардаанд.

"Дар ҷараёни тафтишот ҳамчунин муайян шуд, ки тарбиятгирандаи ноболиғ аз мураббӣ ҳомиладор шудааст. Дар натиҷа мураббӣ дар якҷоягӣ бо табиб тарбиятгирандаи ноболиғро маҷбур кардаанд, ки тифли батнашро исқот кунад", - омадааст дар парванда.

Роҳбарияти ятимхона дар ҳамоҳангӣ бо муҳосиб 167 миллион сӯми буҷаро аз худ кардаанд.

XS
SM
MD
LG