Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ дар 2 соли оянда ба Тоҷикистон қарз намедиҳад


Бонки ҷаҳонӣ дар ду соли оянда барои Тоҷикистон дигар қарз намедиҳад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ин муддат метавонанд аз Бонки ҷаҳонӣ танҳо грант ё маблағи бебозгашт дарёфт кунанд. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бар асоси тавофуқ дар солҳои молиявии 2018-2019 аз Бонки ҷаҳонӣ танҳо грант дарёфт карда метавонанд. Вазири молия сабаби худдории Бонки ҷаҳонӣ аз додани қарз ба Тоҷикистонро шарҳ надод ва ҷузъиёти гуфтугӯи мақомоти тоҷик бо Бонки ҷаҳониро ошкор накард.

Бонки ҷаҳонӣ дар ҳоле додани қарз ба Тоҷикистонро қатъ мекунад, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба наздики 40 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ наздик шудааст. Тибқи омори ахири Вазорати молияи Тоҷикистон, то 1 июли соли равон қарзи берунаи кишвар 2 милларду 893, 3 миллион долларро ташкил медиҳад, ки он баробар ба 38, 9 фоизи ММД дохилӣ мебошад. Вазорати молия мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли равон барои пардохти қарзи хориҷӣ ва фоизҳои он наздики 91 миллион доллар ҷудо шудааст.

XS
SM
MD
LG