Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ қаҳрамони Тоҷикистон мешавад: "Зебонисо" ё "Хатлон"?


Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона, ки барои аввалин бор баргузор шудааст, пеш аз даври охирин дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе бо 27 имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро касб намудааст.

“Зебонисо” ягона дастаест, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯзӣ ба даст овардааст. Футболбоззанони Душанбе дар даври нӯҳуми мусобиқот дар меҳмонӣ дастаи “Барқи Норак”-и шаҳри Норакро бо ҳисоби 6:0 мағлуб карданд. Зулайхо Сафарова ва Некӯбахт Худододова дуголӣ, Сайёра Саидова ва Мадина Фозилова якголӣ заданд.

Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, ки дар даври нӯҳум ба дарвозаи тими мизбон – “Равшан”-и Кӯлоб - 9 голи беҷавоб зад, бо 24 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. Дар ин дидор Лайло Ҳалимова шаш гол (дутоаш аз пеналтӣ) ба самар расонд. Се голи дигар ба Мавҷуда Сафарова, Дилноза Ҳайдарова ва Зуҳро Бобомуродова марбут аст.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар даври пешазохирини мусобиқот дар шаҳри Хуҷанд тими “Суғд”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ду голи дастаи меҳмонро Наргис Бобоева ва Нодира Мирзоева (аз пеналтӣ) ва як голи мизбононро Мафтуна Муслимбоева ба ҳадаф расонданд. Ба ин тартиб, дастаи “Регар-ТадАЗ” сарфи назар аз натиҷаи бозии даври охирин бо медалҳои биринҷии мусобиқот сарфароз мешавад.

Тақдири медалҳои тилло дар бозии даври охирин, ки рӯзи чоршанбе, 8-уми август, миёни ду дастаи пешсаф – “Хатлон” ва “Зебонисо” – барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд. Зимнан, бозии давраи аввали мусобиқот миёни ин ду даста бо пирӯзии «Зебонисо» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Бинобар ин, “Зебонисо”-ро дар бозии ниҳоӣ натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Ба дастаи «Хатлон» бошад, барои даст ёфтан ба унвони қаҳрамонӣ дар даври охирин танҳо пирӯзӣ бо фарқияти ду тӯб зарур аст.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона

Даври 9-ум

«Равшан» – «Хатлон» – 0:9

Голҳо: Лайло Ҳалимова, 4 (0:1). Лайло Ҳалимова, 20 (0:2). Мавҷуда Сафарова, 29 (0:3). Дилноза Ҳайдарова, 59 (0:4). Лайло Ҳалимова, 61 (0:5). Лайло Ҳалимова, 70 – аз пеналтӣ (0:6). Лайло Ҳалимова, 75 – аз пеналтӣ (0:7). Зуҳро Бобомуродова, 85 (0:8). Лайло Ҳалимова, 90+1 (0:9).

Бозигари беҳтарини дидор: Лайло Ҳалимова («Хатлон»).

«Суғд» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Наргис Бобоева, 7 (0:1). Мафтуна Муслимбоева, 9 (1:1). Нодира Мирзоева, 43 – аз пеналтӣ (1:2).

Бозигари беҳтарини дидор: Нодира Мирзоева («Регар-ТадАЗ»).

«Барқи Норак» – «Зебонисо» – 0:6

Голҳо: Зулайхо Сафарова, 28 (0:1). Некӯбахт Худододова, 37 (0:2). Сайёра Саидова, 63 (0:3). Мадина Фозилова, 75 (0:4). Зулайхо Сафарова, 82 (0:5). Некӯбахт Худододова, 88 (0:6).

Бозигари беҳтарини дидор: Зулайхо Сафарова («Зебонисо»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Зебонисо» (Душанбе)

9

9

0

0

42-1

27

2

«Хатлон» (Бохтар)

9

8

0

1

37-1

24

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

5

0

4

20-12

15

4

«Суғд» (Хуҷанд)

9

3

0

6

10-28

9

5

«Барқи Норак» (Норак)

9

1

1

3

8-28

4

6

«Равшан» (Кӯлоб)

9

0

1

8

3-50

1

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 16 тӯб, Мадина Фозилова («Зебонисо») – 13 тӯб, Некӯбахт Худододова («Зебонисо») – 10 тӯб.

XS
SM
MD
LG