Дар паи зилзилаи шадиде дар Индонезия 142 нафар ҷони худро аз даст дод. Зилзилаи пуршиддат дар ҷазираи Ломбоки Индонезия рӯзи 5 август рух дод. Сухангӯи оҷонсии коҳиши хатарҳои табиӣ рӯзи 6 август гуфт, ки дар паи зилзила дар қисматҳои шимолии ҷазира хисороти азиме ба вуҷуд омад ва боиси марги инсонҳо шуд. Ӯ гуфт, ки гурӯҳҳои наҷотбахш ҳанӯз натавонистанд ҳамаи нопадидшудаҳо дар ин ҳодисаро пайдо карда шумори воқеии қурбониҳоро ҳисоб кунанд.
Сутопо Пурво Нугроҳо, сухангӯи оҷонсии ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, ки дар шаҳри марказии ҷазира Матарам сохтмонҳои зиёде осеб дида, бисёр қисматҳои шаҳр аз дастрасӣ ба нирӯи барқ маҳрум шудааст. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз на ҳамаи қурбониҳо шиносоӣ шудаанд:
"Аксари қурбониҳо дар натиҷаи фурӯрезии биноҳо кушта шуданд. Дар байни 91 қурбоние, ки ҳоло ташхис кардаем, ҳама индонезӣ ҳастанд. То ин лаҳза дар бораи хориҷиҳои эҳтимолии кушташуда дар ҷазираи Балӣ ва ғарби Нуса Тенгара маълумот нарасидааст".
Мақомони индонезӣ мегӯянд, ки интиқоли сокинони маҳаллӣ ва туристони хориҷӣ дар ин ду ҷазира, ки шуморашон тахминан 200 нафарро ташкил медиҳад, бо сабаби камии қаиқҳо қадам ба қадам сурат мегирад.
Ҷазираи ҳамсояи Балии Индонезӣ ҳам дар ин зилзила осеб дид. Наворҳои видеоӣ фирори мардумро аз макони зилзила сабт кардааст. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки дар паи зилзилаи дигари ҳафтаи пеш дар ҷазираи Ломбок, ки онро макони маъруфи туристӣ меноманд, дасти кам 16 нафар ба ҳалокат расида буд.
Ломбок яке аз ҷазираҳои дар баробари зилзила ҳассоси Индонезия мебошад, чунки наздик ба макони вулқонҳо ҷойгир аст. Соли 2004 дар паи як зилзилаи бисёр шадид дар ҷазираҳои Суматра, ғарби Индонезия, боиси тсунамӣ ва обхезиҳои шадид шуд ва дар натиҷа дар атрофи уқёнуси Ором 220 ҳазор сокини кишварҳои атроф ҷон доданд.