Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷои пайкараи Темурмаликро дар ниҳоят "ёфтанд". ВИДЕО


Пайкараи Темурмалик дар осорхонаи Хуҷанд

Билохира дар Хуҷанд тасмим гирифтанд, пайкараи Темурмалик дар ҷазираи ҳамномаш дар рӯди Сир бунёд гардад. Қаблан мехостанд, пайкараро дар ҷойи дигар бисозанд, вале таърихшиносону донишмандон пофишорӣ доштанд, Темурмалик бояд дар ҷои аслии муборизаву ҷонфидоиаш қад боло кунад.

Соли 2018 аз муборизаи Темурмалик бар зидди лашкари Чингизхон 800 сол пур мешавад. Ҷазираи Темурмалик - хушкие дар байни рӯди Сир дар канори ҷанубии Хуҷанд ҷойгир аст. Ин ҷазира ҳоло ҳам чун давраи Темурмалик дар 800 сол пеш сарсабз аст, вале деворҳои ҳисори қадимаи атрофи он зери об мондаанд ва ба чашм намерасанд.

"Ҷазираи Темурмалик" тахминан 1 километр тӯлу бар дорад ва ба шолизор табдил ёфтааст. Вале сокинон медонанд, ки "ҷазираи Темурмалик", ки "Ёва - Арал" ҳам меноманд, як макони таърихӣ ва қаҳрамонии тоҷикон аст. "Қалъаи Темурмалик дар ҳамин ҷазира будааст. Вай зидди Чингизхон қаҳрамонона ҷанг ҷангидааст" гуфт, як сокини шаҳр, ки инҷо ба кишоварзӣ машғул аст.

Набӣ Раҳимов, бостоншиноси тоҷик, доктори улуми таърих дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таърихи ҷазираву ҳисор ва корномаи Темурмаликро таҳқиқ кардааст.

Набӣ Раҳимов
Набӣ Раҳимов

"Темурмалик, мири Хуҷанд бо 1 ҳазор мардони ҷангии худ дар ҳамин ҷо алайҳи лашкари 75 ҳазории ғаддори Чингиз мубориза кард. Ӯ қалъаи ин ҷоро мустаҳкам карда, атрофи ҷазира деворҳои баланд бардошт. Дар киштиҳои намадпӯши тирногузар чаҳор моҳ ба лашкари муғул шабохун мезад ва дар қалъа панаҳ мебурд. Муғулҳо рӯзона ба рӯди Сир санг кашонида мехостанд то қалъа раҳ кушоянд. Вале мардони Темурмалик шабона роҳи онҳоро вайрон мекарданд" - мегӯяд ӯ.

Таърихшиноси тоҷик мегӯяд, дар таърихи навин нахуст ботоншиноси рус, Аександр Кун дар солҳои 60 - и асри 19 ва ба думбол дар солҳои 30 - уюми асри 20 муҳаққиқи дигари рус - М. С. Андреев дар ҷазираи Арал - Ёва ковишҳо анҷом дода, осори қадимӣ пайдо кардаанд, ки маълумотҳои "Ҷазираи Темурмалик" будани ин ҷоро тасдиқ мекунанд.

"Он вақтҳо, девори Қалъа дар ҷазира ҳам намоён буд ва мардум осори қадимӣ, ҳатто тангаҳои тилоӣ ҳам меёфтаанд. Таърихшинос - Марофиев солҳои 50-уми асри гузашта менависад, ки бозмондаҳои деворҳои қадима атрофи ҷазира аз соҳил ба чашм мерасид. Аммо баъди он ки дар рӯди Сир обанбори Фарҳодро сохтанд, сатҳи об баланд шуд ва харобаҳои деворҳои қадима зери об монд" - гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Нахуст қарор буд, муҷассамаи Темурмалик дар маркази Хуҷанд сохта шавад. Тарҳи маҷмааи Темурмаликро дар киштии тирногузар вақти мубориза бо лашкари Чингиз дар байни рӯди Сир миёни ҳамсафонаш тасвир мекард.

Ҷойи пайкараи Темурмаликро “пайдо карданд”
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:43 0:00

Вале қарори шаҳрдории Хуҷанд дар соли 2015 баҳсҳои пуршӯреро дар расонаҳо барангехт. Нахуст, муҳаққиқ ва донишманди тоҷик - Луқмон Бойматов он ҷойро ба шахсияти бузурги таърихие, мисли Темурмалик ва таҷассуми корномаҳои вай номуносиб донист.

Ӯ пешниҳод кард, пайкараи қаҳрамони таърихии халқи тоҷик дар ҷазираи Ёва, ҷойи воқеии қалъаву истеҳком ва муборизаи диловаронаи ӯ бар зидди лашкари Чингиз бунёд карда шавад.

Вай гуфт, ҷазираи Ёва - Арал бо бунёди пайкараи Темурмалик ба як макони диданиву сайёҳӣ ва ба таъбири ӯ - "қутби гардишгарии Хуҷанд табдил дода шавад." "Cоли 2019 аз корнамоии Темурмалик 800 сол пур мешавад. Миллату давлат муваззаф аст, то барои пос доштани ёди фарзандони родмардаш бузургдошти таърихиро ба шоистагӣ таҷлил кунад." - мегӯяд, дониманди тоҷики муқими Шветсия.

Тарҳи муҷассама
Тарҳи муҷассама

Соли 2015 дар ҷойи аввали тарҳи муҷассамаи Темурмалик маҷмаааи "25 солагии истиқлоли Тоҷикистон" қад боло кард. Акнун тасмим гирифта шуд, маҷмааи Темурмалик дар ҷазираи Ёва - Арал, ки мардум ба номаш гузоштаанд, бунёд гардад. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабарӣ гуфт , ин тасмим ниҳоӣ шудааст.

"Барои гузоштани муҷассамаи Темурмалик дар ҷазираи Ёва корҳои зиёди сохтмониро анҷом додан даркор аст. Ҳоло ба он ҷазира ҳатто пули гузар нест. Мо ҳоло маблағ надорем. Вале амалӣ кардани ин тарҳ дар барномаи ҳукумати вилоят ва Хуҷанд ҳаст" - гуфт, ӯ.

Ҳоло сокинон ба ҷазираи Темурмалик барои деҳқонӣ ва моҳидорӣ меоянд. Як муҷассамаи ин қаҳрамони таърихии халқи тоҷик дар осорхонаи канори Кӯҳандизи Хуҷанд гузошта шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG