Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Венесуэла гуфт, "маро куштан мехостанд"


Лаҳзаи таркиш дар рӯзи 4-уми август

Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла гуфт, ки ӯ аз як талоши сӯиқасд ба ҷонаш бо истифода аз дрони ҳомили маводи тарканда эмин мондааст. Ҳангоми суханронии Николас Мадуро дар як паради низомӣ дар шаҳри Каракас, пойтахти Венесуэла, ки рӯзи 4-уми август мустақим дар телевизион намоиш дода мешуд баъди садои таркише, Николас Мадуро такон мехӯрад ва сарбозон ҳам мегурезанд.

Ба гуфтаи мақомот дар натиҷаи таркиш, 7 сарбоз ҷароҳат бардоштаанд. Николас Мадуро аввал Колумбияро ба ин ҳамла муттаҳам кард ва баъдан гуфт, ки таркиш кори дасти кадом як гурӯҳи номаълуми ошӯбгар будааст. Колумбия иддаои раиси ҷумҳури Венесуэларо бепоя хонд.

Николас Мадуро, баъди ҳодиса дар телевизион гуфт, “Ин ҳамлае барои куштану нобуд кардани ман буд. Як абзори парвозкунанда дар пеши ман таркид” . Раиси ҷумҳури Венесуэла дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Рӯзи 4-уми август, як гурӯҳи ошӯбгаре бо номи “Сарбозони пироҳан ба бар” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Иқтисоди Венесуэла, ки захираҳои азими нафт дорад дар ҳоли фурӯ пошидан аст ва кишвар пайваста ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор мешавад.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG