Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон ҷазо барои тарғиби терроризм сахттар шуд


Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо кардааст, ки бар асоси он барои “даъват ба терроризм” дар Интернет ва ё тарафдорӣ аз фаъолияти террористиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷазои сахт муқаррар шудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми август бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд санади дигар тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо кард, ки дар он “барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.”

Маънии "сафедкунӣ" дар қонунҳои Тоҷикистон

“Сафедкунӣ” дар санадҳои қонунии Тоҷикистон ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо "ба ин маънист, ки як нафар амалеро, ки қонун ҷиноят, меҳисобад, тарафдорӣ мекунад ва ё мегӯяд, амале, ки анҷом шудааст, кори дуруст аст ва ман тарафдори онам ва ё ба ман маъқул шуд.”

Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.

Баъди нашри Кодекси ҷиноӣ дар таҳрири нав барои чунин амал мумкин аст, фардеро барои даъвати оммавӣ барои амали террористӣ ва “сафедкунии оммавии терроризм” дар Интернет аз 10 то 15 соли зиндон маҳкум кунанд.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар таҳрири навро вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 13-уми июн тасвиб карданд ва ислоҳи асосӣ дар ин замина дар моддаи 179-уми кодекс аст.

Вақти муаррифии тағйирот дар кодекс Бахтовар Сафаров, гуфт, “таҷрибаи охири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо терроризм нишон дод, ки шабакаҳои иҷтимоии Вайбер, Вотсап, Вичат, Инстаграм, Одноклассники ва даҳҳои дигар ба макони таблиғу сафедкунии амалҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтаанд.”

Дар ин кодекс омадааст, ки “зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад”.

LIke ва Класс ҳам "сафедкунӣ" мешавад?

Аз ин пештар додгоҳҳои Тоҷикистн чанд нафарро барои “лайк” кардан ва ба дигарон фиристодани маводи созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро ба зиндон маҳкум карданд, зеро ба гуфтаи додрасҳо, ин афрод бо чунин кор “аз фаъолиятҳои террористӣ тарафдорӣ кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мумкин аст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин банди қонун сӯистифода кунанд ва афроди дигарандеш ва ё ҳар нафари дигари нохушоянд барои онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба гуфтаи онҳо, дар санад бояд возеҳ гуфта шавад, ки кадом амал дар шабакаи иҷтимоӣ, ҳимоят аз терроризм ва ё даъват ба амали террористӣ ба ҳисоб меравад.

Таъйини ҷазо барои сафедкунии терроризм бо истифодаи интернет танҳо ҷазое нест, ки корбарони интернетро таҳдид мекунад. Тайи чанд соли охир Тоҷикистон ба як зумра моддаҳои Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки марбут ба корбарони интернет аст.

Айни замон ба ҷуз аз ин тағйироти нав воридшуда, чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ бандҳои марбут ба интернет доранд, ки дар сурати нақзи он мумкин аст, корбареро ҷазо бидиҳанд.

  • Моддаи 137. Таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ соли зиндон
  • Моддаи 137 (1) Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ дар шабакаи интернет. Ҷазо: аз ду то панҷ соли зиндон.
  • Моддаи 179 (1). Ҷалб кардан барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ё мусоидати дигарон барои содир намудани онҳо. Ҷазо: аз 10 то 15 соли зиндон.
  • Моддаи 307. Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 8 то 15 соли зиндон.
  • Моддаи 307 (3) Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсии… экстремистӣ эътирофшуда тавассути шабакаи интернет. Ҷазо: аз 5 то 8 сол.
  • Моддаи 330. Таҳқири намояндаи ҳокимият тавассути интернет. Ҷазо: аз 50 ҳазор то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё 2 соли зиндон.
  • Моддаи 395. Ҷанги таҷовузкорона бо истифода аз интернет. Ҷазо: аз 5 то 10 соли зиндон.

Аксарияти ин ҷазоҳо аз соли 2010 ба ин тараф вориди Кодекси ҷиноӣ шуданд, ки ҳар корбари интернетро метавонанд ба ҷинояткор табдил диҳад. Як «лайк», «класс» ва ё паҳн кардани матлаби марбут ба ин моддаҳо кофист, ки корбар ба ҷиноят муттаҳам шавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бисёре аз онҳое, ки ба Ховари Миёна рафта ва ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли Давлати исломӣ пайвастанд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми мубаллиғони ин гуруҳҳо афтодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, Кодекси нави ҷиноиро 5 рӯз баъд аз он имзо кард, ки як гурӯҳе аз ҷавонон бо ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ 4 нафари онҳоро куштанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG