Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар Пактиё 20 қурбонӣ ба бор овард


Акс аз таркиши рӯзи 31 июл дар Ҷалолобод

Пулиси Афғонистон мегӯяд, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба масҷиди шиаҳо дар шарқи ин кишвар, дастикам 20 нафар кушта шуд.

Садор Вали Табасун, сухангӯи пулиси вилояти Пактиё гуфт, ки ҳамлагар бомбаро рӯзи 3 август дар ҷараёни намози Ҷумъа ба кор даровард.

Ба гуфтаи Табасун, худкуши эҳтимолии дуюм қабл аз истифодаи бомба аз тарафи пулис кушта шуд.

Дар ин ҳодиса даҳҳо нафар захм бардошта, ба наздиктарин бемористонҳои интиқол ёфтанд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагрифтааст. Дар гузашта масъулияти ҳамлаҳои монанд ба инро гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ки дар шарқи Афғонистон ҳузур дорад, бар дӯш гирифта буд.

Ин гурӯҳи суннии тундгаро шиаҳоро "мурдат" мешуморад ва бисёр вақт масҷидҳои онҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Видеоҳои охирин

Маҳаллаи "муаллақ" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG