Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонии фирорӣ баъди чор рӯз дар Екатеринбург боздошт шуд


Акс аз вебсайти Раёсати давлатии низоми маҳбасҳои вилояти Свердловск
Акс аз вебсайти Раёсати давлатии низоми маҳбасҳои вилояти Свердловск

Полиси Русия як зиндонии тоиҷкро баъди чор рӯзи фирораш аз маҳбас боздошт кард. Александр Левченко, сухангӯи хадамоти маҳбасҳо дар вилояти Свердловск ба матбуоти Русяи гуфтааст, ки Рӯзибек Ғафуров, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон аз маҳбаси канораҳои шаҳри Каменск-Уралский фирор кард. Ин ҳодиса рӯзи 30 июл рух дод ва ӯро 2 август боздошт карданд.

Рӯзибек Ғафуров, ба иттилои “Комсомольская правда” барои дуздӣ ба 8 моҳи зиндони низомаш сукунатӣ маҳкум шуда, аз ин мӯҳлат чор моҳашро аллакай сипарӣ карда буд. Ҳоло баъди боздошти ӯ барои фирор аз зиндон ба Ғафуров 3 соли зиндони воқеӣ таҳдид мекунад. Полис гуфт, ки ҳангоми боздошти ин мард дар шаҳри Екатеринбург муқовимат накард ва таслим шуд. Ҳоло сабабҳои фирори ӯ таҳқиқ мешавад.

Рӯзибек Ғафуров то замон маҳкум шуданаш ба зиндон дар деҳаи Шувакиши Екатеринбург зиндагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG