Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал аз тими «Мес Сунгун», қаҳрамони Эрон, бо ҳисоби 2:9 шикаст хӯрд.
Дар ин бозӣ, ки 2-юми август дар шаҳри Ҷокякартаи Индонезия баргузор шуд, голҳои «Сипар»-ро Рустам Ҳамидов ва Собирҷон Гулаков ба самар расонданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал, ки дар шаҳри Ҷокякартаи Индонезия то рӯзи 12-уми август идома меёбад, рақибони «Сипар» дар гурӯҳи «D» бошгоҳҳои «Мес Сунгун» (Эрон), АГМК (Узбекистон) ва «Бонки Бейрут» (Лубнон) мебошанд.
“Сипар” дар даври дувуми мусобиқот дар гурӯҳи “D” 4-уми август бо бошгоҳи «Бонки Бейрут»-и Лубнон ва дар даври охирин 6-уми август бо дастаи АГМК (Узбекистон) рақобат мекунад.
Ба ҳайати бошгоҳи “Сипар” 14 бозигар, аз он ҷумла ду легионер аз Эрон – Меҳрон Ризопур ва Зоҳир Комёб - дохиланд.
Ҳайати «Сипар» дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал:
Дарвозабонҳо: 1. Шуҳрат Бибудов, 2. Фирӯз Юсуфзода, 3. Шаҳбоз Исмоилов;
Бозигарони майдонӣ: 4. Абдусамад Раҳмонов, 5. Собирҷон Гулаков, 6. Меҳрон Ризопур (Эрон), 7. Баҳром Ёрматов, 8. Иқбол Воситзода, 9. Зоҳир Комёб (Эрон), 10. Шерзод Ҷумъаев, 11. Фазлиддин Қурбонов, 12. Умед Қузиев, 13. Рустам Ҳамидов, 14. Дилшод Саломов.
Сармураббӣ – Бенямин Иқболӣ (Эрон).
Ширкаткунандагони мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал:
Гурӯҳи «А»: «Вамос» (Индонезия), «Нагоя Оушенс» (Ҷопон), «Далян Юан» (Чин), «Виктория Университет» (Мянмар).
Гурӯҳи «В»: «Тай Сон Нам» (Ветнам), «Ал-Дафра» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ).
Гурӯҳи «С»: «Чонбури Блувейв» (Тайланд), «Ал-Саилия» (Қатар), «Ерем» (Қирғизистон), «Вик Вайперс» (Австралия).
Гурӯҳи «D»: «Мес Сунгун» (Эрон), «Бонки Бейрут» (Лубнон), АГМК (Узбекистон), «Сипар» (Тоҷикистон).
Баъди натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро дар даври чорякниҳоӣ идома медиҳанд. Минбаъд бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ баргузор мешавад.