Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар гирдоби эътирозҳои зиддиҳукуматӣ. ВИДЕО


Тазоҳурот дар Шероз. 2-юми август.
Тазоҳурот дар Шероз. 2-юми август.

Тибқи наворҳои видеоие, ки дар шабакҳои иҷтимоӣ ба нашр расидаст, шаби гузашта гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Эрон барои нахустин бор ба Теҳрон кашида шуд ва эътирозгарон ба сиёсатҳои нобасомони иқтисодӣ ва сиёсӣ, алайҳи ҳукумат шиор медоданд.

Тазоҳурот аз Машҳад то Теҳрон

Наворҳои нашршуда нишон медиҳанд, ки аз ҷумла садҳо нафар аз тазоҳуркунандагон дар яке аз хиёбонҳои марказии Теҳрон дар ҳоли ҳаракат ҳастанд. Эътирозкунандагон дар ҳоле, ки муштҳои худро гиреҳ кардаанд, алайҳи низоми Ҷумҳурии исломӣ, шиор сар медоданд.

Ошуфтагиҳои иқтисодӣ дар Эрон ҳамзамон бо гармии ҳаво, хушксолӣ ва қатъи давомдори барқ дар нуқтаҳои мухталифи он кишвар, ба норизоятиҳо доман задааст.

Дар яке дигар аз наворҳо, эътирозкунандагон шиори "Марг бар Хоманаӣ" сар медиҳанд ва яке аз онҳо фарёд мезанад, ки нерӯҳои басеҷӣ дар ҳоли ҳамлавар шудан ба мардум ҳастанд. Дар даври тозаи эътирозҳои хиёбонӣ дар Эрон, ки аз аввали ҳафтаи ҷорӣ оғоз шудааст, Теҳрон то андозае ором буд, вале шаҳрҳои Исфаҳон, Шероз ва Гавҳардашти Караҷ шоҳиди эътирозҳои густурдае будаанд.

Бар асоси бархе дигар гузоришҳои дарёфтӣ, ҳузури нерӯҳои амниятӣ ва пулис дар маркази шаҳри Теҳрон низ фазои амниятии пойтахти Эронро амниятӣ кардааст. Дар шимоли шаҳри Теҳрон низ тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда ва нерӯҳои интизомӣ дар хиёбонҳо бештар шудаанд. Тибқи бархе гузоришҳои таъйидношуда, дар маркази Теҳрон даргириҳои пароканда сурат гирифтааст.

Шиори "Марг бар Хоманаӣ"

Субҳи панҷшанбе низ дар минтақаи "Содиқия"-и Теҳрон таҷаммӯи эътирозии монанд баргузор шуда буд ва мақомот нерӯҳои зиёди интизомиро ба ин маҳал фиристода буданд. Минтақаи Гавҳардашти Караҷ низ барои шаби савум шоҳиди гирдиҳамоиҳои эътирозӣ аст ва як навори видеоӣ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамоишҳои мардумӣ ба нашр расидааст. Дар яке аз видеоҳои марбут ба эътирозҳои ин минтақа, гурӯҳе бо як садо шиор медиҳанд, "Марг бар Хоманаӣ".

Навори эътироз дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:25 0:00

Як навори дигари мунташиршуда аз он ҳикоят дорад, ки эътирозҳо шаби гузашта дар Аҳвоз низ идома доштаанд. Ин дар ҳоле аст, ки субҳи панҷшанбе мақомҳои амниятӣ ва интизомии Аҳвоз эълом карда буданд, ки барои баргузории тазоҳурот иҷозатнома дода нашудааст.

Гузоришҳои таъйидношудаи дигар мегӯяд, гурӯҳе дар хиёбони "Буалӣ Сино"-и шаҳри Ҳамадон таҷаммӯъ кардаанд. Бар асоси эъломи мақомҳои амниятӣ, дар ин шаҳр низ иҷозатномаи баргузории ҳамоиш содир нашудааст. Шаҳри Арок ҳам субҳи панҷшанбе шоҳиди бархе ҳамоишҳои эътирозӣ буд. Чунин тазоҳуроти эътирозӣ дар шаҳри Машҳад низ баргузор шудааст.

Эътирозҳо аз куҷо оғоз шуд?

Коҳиши қурби пули миллии Эрон дар пайи хуруҷи Амрико аз созишномаи ҳастаӣ оғоз шуд. Илова бар боло бурдани қимати хона, ашёи электронӣ, тилло, сикка ва телефонҳои ҳамроҳ, сабаби афзоиши нархи колоҳои асосӣ шудааст.

Ошуфтагиҳои иқтисодӣ дар Эрон ҳамзамон бо гармии ҳаво, хушксолӣ ва қатъи давомдори барқ дар нуқтаҳои мухталифи он кишвар, ба норизоятиҳо доман задааст. Бо ин ҳол, мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии исломӣ талотуми пулӣ ва иқтисодии Эронро ба берун аз ҳавзаи иқтисод, "душман" ва "дастҳои нопок" нисбат медиҳанд.

XS
SM
MD
LG