Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаррароти нобаробари марзӣ барои сокинони ду кишвар. ВИДЕО


Отабек Содиқови 34-сола, сокини шаҳри Турсунзода, ки тӯли се соли ахир бекор буд, баъд аз боз шудани марзҳо бо Узбекистон, ба тиҷорат рӯй овард.

Отабек мегӯяд, ки тиҷораташ фоида намеорад

Вай ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя то 100 килограмм анвои мухталифи ғизо ва ашёи рӯзғор бурда, дар бозори шаҳри Деҳнав ба тиҷорат машғул буд. Дар бозгашт бо худ ба Тоҷикистон миқдоре тухми мурғ ва нахӯд оварда, ба тоҷирони аз Душанбе омада, онро мефурӯхт.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар доду гирифт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.

Отабек Содиқов 2-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз як моҳ қабл тиҷораташ бефоида шуд, зеро Кумитаи гумруки Узбекистон қарореро тасвиб кард, ки тибқи он ҳар нафари аз марз воридшуда метавонад бо худ танҳо 10 килограмм маҳсулот дошта бошад. Вай афзуд, тиҷораташ хуб буд ва ҳамарӯза то 50-60 доллар фоида мегирифт. Аммо баъд аз ҷорӣ кардани қоидаҳои нав ин тиҷорат дигар маънӣ надорад ва ҳатто ба Деҳнав намеравад, ки дӯкони худро бубинад.

"Тиҷорат бо тухми мурғ фоидаи хубе меовард, вале ҳоло ворид кардани ин маҳсулот ба Тоҷикистон манъ шудааст. Бо фарорасии фасли тобистон нархи маҳсулоти дигар дар Тоҷикистон низ арзон шудааст ва воридоти он аз Узбекистон дигар чандон фоида намеорад. Ҳоло кишоварзӣ ва таксиронӣ мекунам",-мегӯяд ӯ.

Отабек Содиқов афзуд, ки ҳоло гоҳ-гоҳе аз Узбекистон ба Тоҷикистон маҳсулоти полезӣ меорад ва аз ин роҳ ниёзи хонаводаашро то ҷое бароварда месозад. Вай гуфт, ки дар як моҳи ахир аз Узбекистон танҳо ду мошин харбурза ворид кардаасту халос.

Тоҷикистон ба вуруди то 50 кг бор аз Узбекистон иҷоза дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Муқаррароти нави Узбекистон

Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи гумруки Узбекистон, аз 1-уми июли соли ҷорӣ муқаррароти нави убур аз марзи ин кишвар нашр шудааст. Тибқи он, ҳар нафари убуркарда аз марзҳои Узбекистон метавонад бо худ танҳо 10 килограмм борро ворид созад. Дар дафтари матбуотии Кумитаи гумруки Узбекистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин муқаррарот танҳо дар нисбати Тоҷикистон нест, балки бо кишварҳои дигари ҳамсоя низ чунин талабот роиҷ будааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки интиқоли маҳсулот аз Узбекистон ба ин кишвар дар ҳаҷми то 50 килограмм иҷоза мебошад. Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 2-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамчунин сокинони ду кишвар метавонанд ба маблағи то як ҳазор доллар маҳсулотро ба Тоҷикистон бидуни таҳияи асноди расмӣ ворид кунанд. Қарори нав аз 22-юми июл ба иҷро даромада, ба манфиати сокинони Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Каримзода: "Воридоти тухм манъ нашудааст"

Ҷаноби Каримзода дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки чаро воридоти тухми мурғ аз Узбекистон ба Тоҷикистон манъ шудааст, гуфт, ки воридоти тухми мурғро касе манъ накардааст, аммо ахиран сохторҳои назоратӣ ҳудуди 435 ҳазор дона тухми мурғи воридотӣ аз Узбекистонро ошкор карданд, ки комилан корношоям буд.

Ба гуфтаи вай, тоҷирон тухми мурғро маъмулан дар гузаргоҳҳои марзӣ зери офтоб нигаҳ медоранд, ки дар ниҳоят ин маводи ғизоиро корношоям месозад. "Аммо, воридоти тухми мурғ бо риояи куллияи муқаррароти нигаҳдории ин маҳсулот манъ нашудааст",-афзуд вай.

Тоҷикистон 5 гузаргоҳи марзиро бозсозӣ мекунад

Хуршед Каримзода ҳамчунин хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистонро комилан бозсозӣ кунад, зеро тӯли солҳои аз фаъолият бозмонданашон онҳо корношоям шудаанд. Ба гуфтаи вай, "асосан инфрасохтори ин гузаргоҳҳо ва роҳҳои мошингард аз онҳо зиёд хароб шудаанд".

Бештаре аз соҳибназарон мегӯянд, ки роҳандозии маҳдудиятҳо дар тиҷорати наздимарзӣ мухолифи талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст ва мақомоти ҳарду кишварро зарур аст, ки бар ивази чунин маҳдудсозиҳо низоми боҷӣ гумрукӣ ва андозбандиро таҷдиди назар кунанд. Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯй овардани сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ба тиҷорат аз ноилоҷӣ аст.

Вай афзуд, "агар дар ду тарафи марз корхонаҳо фаъол бошанд, фикр накунам, ки сокинон бар ивази кори худ ба тиҷорат машғул шаванд. Тиҷорат аз ноилоҷист. Вале мақомот ҳам наметавонад хомӯш чунин шакли додугирифтро назорат кунаду аз он суде надошта бошад. Фикр мекунам, мақомоти ҳар ду кишварро зарур аст дар ин замина таҷдиди назар карда, боҷҳои гумрукиву андозбандиро сабук кунанд, то мардум тавонанд бо пардохти маблағи камтаре маҳсулоти мавриди назари худро ба ҳар ду самт интиқол диҳанд".

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Узбекистон равнақ ёфтааст

Боз шудани марзҳои ду кишвар ва рафтуомади озоди шаҳрвандон дар нишондодҳои додугирифти тиҷоратии кишварҳо ҳам тағйироте ворид кард. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар доду гирифт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст. "Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содир карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид кардааст", афзуд Хуршед Каримзода.

Муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя баъд аз тақрибан 20 соли сардӣ аз баҳори соли ҷорӣ баъд аз сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дубора рӯй ба беҳбудӣ гузошт. Феълан дар Тоҷикистон 17 корхонаи муштарак бо Узбекистон фаъол аст, ки бештаре аз онҳо дар соли ҷорӣ таъсис шудаанд.

XS
SM
MD
LG