Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади се хориҷии дар Кобул кушташуда шиносоӣ шуд


Акс аз бойгонӣ

Полиси Кобул ҷасади се хориҷиро шиносоӣ кардааст, ки нахуст рабуда ва баъдан ба қатл расонида шуданд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазораи умури дохилии Афғонистон рӯзи 2 август ба бахши Афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод дар ҳудуди Кобул рабуда ва кушта шуданд.

“Се хориҷӣ аз зарби тири туфанг ба қатл расиданд. Ин хориҷиҳо шаҳрвандони Ҳинд, Малайзия ва Македония буданд”.

Мақомот гуфтанд, ки ин се мард барои ширкати байналмилалии таҳиякунандаи ғизои Sodexo ба ҳайси ошпаз кор мекарданд.

Ин се нафар субҳи 2 август дар наздикии маҳалли кори худ дар як минтақаи саноатиии Кобул рабуда шуданд ва чанде баъд ҷасади онҳо дар маҳалли Мусайи Кобул пайдо шуд. Ҷасади ин се марди тирхӯрда дар дохили мошине пайдо шуд.

Як сухангӯи дигари полис гуфт, ки дар марҳилаи кунунӣ онҳо ин қазияро ҳамчун як ҳодисаи террористӣ арзёбӣ мекунанд. Феълан ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст.

Дар Кобул гурӯҳҳои зиёди ҷиноӣ хориҷиҳо ва афғонҳои сарватмандро ба хотири пул мерабоянд ва хешовандонашонро шантаж мекунанд. Ҳодисаҳои рабудани хориҷиҳо дар кишваре, ки ҳукуматаш зидди шӯришиёни Толибон меҷангад, кам нест.

Видеоҳои охирин

Ҳодисаи суқути чархбол аз забони кӯҳнавардони маҷруҳ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:58 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG