Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон Сайрагулро ба Чин истирдод накард. ВИДЕО


Рӯзи чаҳоршанбеи 1 август додгоҳи ноҳияи Панфилови вилояти Алмаато шаҳрванди Чин, Сайрагул Сауитбойи қазоқтаборро дар убури ғайриқонунии марзи Қазоқистон айбдор ва шаш моҳ шартан зиндонӣ кард.

Додгоҳ гуфт, Сайрагул Сауитбой ба Чин ихроҷ нахоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки додситон талаб кард, нисбати вай ҷазои шартӣ таъйин шавад.

Сайрагул Сауитбой ҳам аз додгоҳ хост, ки ӯро зиндонӣ накунанд. Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон хост, Сауитбойро аз кишвар ихроҷ накунанд. Ин созмон гуфт, Сауитбойро мумкин аст, дар Чин зиндонӣ ва шиканҷа кунанд.

Сайрагул Сауитбой гуфт, вай маҷбур буд, ки ба Қазоқистон фирор кунад, зеро шавҳар ва фарзандонаш инҷо зиндагӣ мекунанд. Шавҳар ва фарзандони вай пештар ба Қазоқистон омада, шаҳрвандии кишварро дарёфт кардаанд.

Зани қазоқтабор ба Чин истирдод намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

XS
SM
MD
LG